Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, муаллифи Сурди миллӣ, устод Гулназар агар зинда мебуд, 20-уми сентябри соли равон мавлуди 80-солагиашро дар ҳалқаи дӯстону ихлосмандон таҷлил мекард, вале афсӯс, ки соли 2022 бар асари гирифторӣ ба бемории ҳамагири COVID-19 шоири барҷаста аз олам даргузашт.
Ба муносибати 80-солагии устод Гулназар бо талоши шоир ва донишманди шинохта, доктори илми филология, профессор, директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғ. Ғафуров Нуралӣ Нурзод “Девон”-и устод Гулназар ба чоп расид. Китоби мазкур дар 464 саҳифа аз ҷониби нашриёти “Хуросон”-и шаҳри Хуҷанд ба зевари табъ ороста гардида, фарогири ғазалиёт ва рубоиёти шоир мебошад. Ҳамчунин, мураттиб Нуралӣ Нурзод ба он 46 саҳифа сарсухани пурмуҳтаво навиштааст, ки инъикосгари рӯзгору осори шоир мебошад.
Аз ҷумла профессор Нуралӣ Нурзод менависад: “Агар ба тамоюлҳои эҷодии устод Гулназар таваҷҷуҳ намоем, дар адабиёти муосири тоҷик камтар шоиреро метавон пайдо кард, ки маҳорати ҳунарии хешро дар иншои тамоми навъҳои суннатӣ ва нави шеър, намунаҳои назму насри адабиёти атфол, нақди адабӣ, драматургия, филмноманависӣ, публитсистика ва рӯзноманигорӣ, тарҷумаи намунаҳои адабиёти ҷаҳон озмудааст”.
Воқеан, устод Гулназар аз он адибони пуркоре буд, ки маҳорати хешро дар ҳамаи анвоъи адабӣ санҷида, асарҳои мондагор ба мерос мондааст. Дар сарсухани “Девон” Нуралӣ Нурзод эҷодиёти устод Гулназарро аз рӯйи навъ тасниф кардааст.
ШЕЪР
Аз устод Гулназар беш аз 40 китоб нашр шудааст, ки аксари он маҷмӯаи шеър мебошад. Аз ҷумла:“Расми сарбозӣ”, “Ағба”, “Дастархон”, “Нардбон”, “Лангар”, “Шуълаи барқади сӯзони малоҳат”, “Пайи дарё”, “Чашми нигин”, “Фариштаи бомдод”, “Фасли оғоз”, “Тулуъи бедорӣ”, “Хирман”, “Ойинаи ташна”, “Туву хубиву раъноӣ”, “Шоиру шеъре агар ҳаст”, “Оғӯши саршор”, “Табхола”, “Қадаҳи шабнам”, “Дар чодари сафеди маҳтобӣ” (дар ду ҷилд), “Лолаҳо дар ёлаҳо”, “Ҳар мисраи шеър, Тоҷикистони ман аст”, “Девори сабз”, “Тахти Рустам” (бо хати форсӣ), “Забони ошиқӣ” (бо хати форсӣ), “Шакарнам”, “Фасли оғоз”, “Дарёи кӯча”, “Оғӯши саршор”, “Хуҷаста” ва ғайра.
“Устод Гулназар,- менависад Нуралӣ Нурзод дар сарсухани “Девон”,- дар таҳаввули шеъри муосири тоҷик, бавежа қолибҳои ашъори суннатӣ ва нав, шуруъ аз фард, то рубоиву дубайтӣ, ғазал, чаҳорпора, маснавӣ, баллада, достон, шеъри нимоӣ, сапеду хусравониву ҳойку, модерну себаргаҳо ва амсоли ин таҷрибаҳои ҳунарии муваффақона анҷом додааст”.
НАСР
Аввалин ҳикояи устод Гулназар таҳти унвони “Боздиди охирин” соли 1971 нашр шудааст. Баъдан шоир то вопасин лаҳзаҳои умр ба таълифи ҳикоя идома дода, ду маҷмӯа – “Таъми тути балхӣ” ва “Гули афшони олуча” нашр кардааст. Устод Гулназар ҳамчунин, маҳорати хешро дар таълифи филмнома ва намоишнома ҳам озмуда, дар ин ҷода муваффақ ҳам гардидааст.
НАҚДИ АДАБӢ ВА АДАБИЁТШИНОСӢ
Устод Гуланзар аз замони фаъолияташ дар вазифаи мудири шуъбаи нақд ва адабиётшиносии маҷаллаи “Садои Шарқ” ба баррасии масоили мубрами адабиёти гузашта ва муосири тоҷик пардохта, доир ба масъалаҳои муҳими нақди шеър, адабиётшиносӣ, равобити адабиёт мақолаҳо таълиф кардааст. Китобҳои “Лоиқе чун Лоиқе”, “Қутбии Қутби сухан”, “Растохези сухан” намунаҳои беҳтарини осори устод Гулназар дар нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ мебошанд. Ҳамчунин, устод Гулназар доир ба рӯзгору осори адибони ҳамнасли хеш, аз ҷумла Аминҷон Шукуҳӣ, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Сайдалӣ Маъмур, Баҳром Фирӯз ва дигарон низ мақолоте арзишманд, меҳрномаву ёдномаҳо таълиф намудааст.
АДАБИЁТИ КӮДАК
Устод Гулназар ҳамчун адиби кӯдакон низ шинохта шудааст ва маҷмӯаҳои шеъри “Аз барои Гулизор”, “Девори сабз”, “Дарёи кӯча”, “Борони бесаранҷом”, “Се кулчаи танӯрӣ”, “Ман”, “Бо гулҳои Ватан”, “Гунҷишки наққош”, “Модари ман мураббӣ”, “Гулҳо ҳусни заминанд” ва маҷмӯаи ҳикояҳои “Калоба”, “Заррофа чӣ мегӯяд?” аз беҳтарин намунаи назму насри адабиёти муосири тоҷик эътироф шудааст. Ҳамчунин, адиб бозгӯии ҳикоёти манзуми “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолуддини Балхӣ, “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ дар забони насри фасеҳ барои бачагон аст, ки бо шеваи ҷаззобу ҷолиб иншо гардидаанд.
ТАРҶУМА
Дар канори эҷоди ашъори ноб устод Гулназар дар тарҷумаи осори адибони ҷаҳон ба забони тоҷикӣ низ саҳми бузург дорад. Ӯ эҷодиёти Крилов В., А. Балтакис, Н. Филлопова, Н. Вершинина, С. Қудош, Т. Тағанова, М. Ю. Лермонтов, Е. Евтушенко, Э. Межелайтис, Р. Казакова, М. Светлов, Т. Г. Шевченко, М. Светаева, Н. Гумилёв, Н. Думбадзе, Н. Тихонов, Е. Винокуров, Р. Рождественский ва Ф. Алиева ва дигаронро тарҷума кардааст.
РӮЗНОМАНИГОРӢ ВА ПУБЛИТСИСТИКА
Устод Гулназар фаъолияти худро ҳамчун рӯзноманигор дар нашрияи “Комсомоли Тоҷикистон” оғоз намуда, бо иншои мақолот, ёддошту сафаргуфтаҳо чун чеҳраи мунаввари мактаби журналистикаи тоҷик эътироф шудааст. Ба ҳайси сардабири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, нашрияи “Ваҳдат” ва маҷаллаи “Пайванд” дар рушди журналистикаи тоҷик саҳм гузоштааст.
Тавре ишора шуд, бахши бештари эҷодиёти устод Гулназарро шеър ташкил медиҳад ва эшон пеш аз ҳама ҳамчун шоир эътироф шуда, миёни мардум маҳбубият пайда кардааст. Шоире, ки дар шеъраш орзуву ормонҳои халқаш инъикос шудааст. Далели ин матни Суруди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Устод Гулназар назар ба дигар анвоъи шеър ва дар муқоиса ба дигар шуарои ғазалсарои ҳамзамонаш камтар ғазал эҷод кардааст. Бо вуҷуди ин мегӯяд:
Табъи ғазалпаймои ман бо шеъри озодам насохт,
Эй инқилоби ҳушҳо, ҳайфо, ки аз ман нестӣ.
Тавре мураттиби девони шоир профессор Нуралӣ Нурзод ҳисоб кардааст, шоир ҳудуди 250 ғазал сурудааст, “аммо тозакориҳои зиёде дар ин навъи суннати шеъри ӯ ба мушоҳида мерасад”. Ва дар идома мураттиби девон ғазалиёти шоирро муфассал ба риштаи таҳқиқ кашида, доир ба нафосату салосат, узубату ширинӣ, пуршӯриву шӯрофаринӣ, шириниву гувороӣ, табаҳҳур аз забон ва фарҳанги мардум, корбурди наввожаҳо, навгонӣ дар тарҳи сохтории ғазал, таҳаввулот дар сабки сухан, дарунмояи ғазал, аносири фасоҳатбахши калом, шеваҳои баён, корбурди воситаҳои ҳунарсоз, таҷрибаҳо дар шаклу шева, шакли нимоии ғазал ва дигар паҳлуҳои ғазалиёти устод Гуланзар суҳбат мекунад.
Нуралӣ Нурзод дар мавриди рубоиву дубайтиҳои устод Гулназар, ки дар бахши дуюми “Девон” фароҳам омадааст, менависад: “Шумораи кулли рубоиёт ва дубайтиҳои устод Гулназар бештар аз 1500 адад аст, ки ин санад номи ӯро чун яке аз рубоисароёни муваффақ дар адабиёти муосири тоҷик муаррифӣ мекунад. Ба сурати китобҳои ҷудогона интишор ёфтани маҷмуи рубоиёт ва дубайтиҳои шоир низ метавонад далели равшани саҳми арзишманди шоир дар рушди ин ду навъи суннатии шеъри тоҷикӣ бошад”.
Дар таҳияи “Девон”-и шоир Нуралӣ Нурзод аз шеваи марсуми танзиму тадвини девон дар гузашта бар пояи ашъори ғиноии дорои қофияву радифи хос кор гирифтааст. Илова бар ин мураттиб аз нусхае истифода кардааст, ки шоир қаблан барои таҳияи китобаш “Сад барги ғазал” омода кардааст ва боқии ғазалҳоро аз китобҳои дигари шоир гирдоварӣ намудааст.
Нашри “Девон”-и Шоири халқии Тоҷикистон устод Гулназар дар арафаи мавлуди 80-солагии шоир падидаи фараҳбахш аст. Вале ин набояд поёни кор бошад. Беҳуда профессор Нуралӣ Нурзод дар сарсухани девон ва муаллифи ин сатрҳо дар ин нигошта ба серпаҳлу ва гуногуннавъ будани осори шоир ишора накардем, зеро нашри “Куллиёт”-и шоир вазифаи таъхирнопазири аҳли таҳқиқ ва масъулин мебошад. Умедворам, ҷашни шоир ва нашри “Девон” барои дар фурсати кӯтоҳ анҷом додани ин кори муҳим такон хоҳад шуд.
Одил НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube