Рубрики Pressa

Нигаронии Президент аз вазъи ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳои маишӣ дар кишвар


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди партовҳои маишӣ дар кишвар нигаронӣ карда, ба ниҳодҳои дахлдор супориш дод, ки корхонаҳои калони коркарди партов бунёд кунанд. Ин нуктаро Сарвари кишвар рӯзи 17-уми сентябр дар вохӯрӣ бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист иброз дошт.

“Имрӯз дар мамлакат шумораи коргоҳҳои хурди коркарди партовҳо кам буда, дар онҳо асосан партовҳои пластикӣ, коғаз, равғанҳои истифодашудаи воситаҳои нақлиёт, резину оҳанпора ва монанди инҳо коркард карда мешаванд, лекин иқтидори ин коргоҳҳо барои коркард ва коҳиш додани ҳаҷми ҳама гуна партовҳо ночиз мебошад”,- гуфт Президенти кишвар дар ин мулоқот.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон соле беш аз 2 миллион тонна партови сахти маишӣ ҷамъ мешавад ва ин партовгоҳҳо масоҳати умумии беш аз 300 гектарро ташкил медиҳанд.  

Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист супориш дод, ки «Стратегияи миллии идоракунии партовҳоро барои давраи то соли 2035»-ро таҳия намоянд, то ки ҳадафи аслиаш кам кардани таъсири партовҳо ба муҳити зисти Тоҷикистон бошад.

Мушкили партовҳо дар Тоҷикистон нав нест ва дар бисёр маҳалҳои аҳолинишин то ҳол нуқтаҳои махсусан ҷудошуда барои ташкили партовгоҳи расмӣ вуҷуд надоранд. Фаъолони экологӣ аз ҷорӣ набудани низоми ҷудо кардани навъи партов вобаста ба сифати он – пластик, оҳан ё коғазу ахлоқи маишӣ солҳо боз интиқод мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *