Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва муфтии Тоҷикистон дар доираи Анҷумани VIII пешвоёни динӣ ва анъанавии ҷаҳон, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон доир гардид, бо Медали фахрии анҷуман қадрдонӣ шуд.
Бино ба иттилои “Азия – плюс”, мукофотро Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ба муфтии Тоҷикистон ҳамчун эътироф ба нақши созандаи ӯ дар таҳкими муколамаи байни динҳо ва рушди сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон тақдим намуд.
Президенти Қазоқистон дар суханрониаш гуфт, ки нақши пешвоёни динӣ дар ҳалли чолишҳои глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист, муҳим аст. Ӯ пешниҳод намуд, ки созмонҳои динӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии нави ҷамъиятӣ ва рушди устувор саҳми бештар гузоранд.
Зимни суханронӣ дар анҷуман, муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода таъкид кард, ки дар ҷаҳони муосир тақвияти эътимод ва ҳамкории байни ҷомеаҳои динӣ ва фарҳангӣ аҳамияти калидӣ дорад. Ҳамчунин, ӯ зарурати муборизаи муштарак алайҳи ифротгароӣ ва зӯровариро таъкид кард.
Гуфта мешавад, ки Саидмукаррам Абдулқодирзода дар ҳошияи кори анҷуман бо муфтӣ ва сарварони динӣ аз кишварҳои мухталиф мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод.
Анҷумани VIII пешвоёни динӣ ва анъанавии ҷаҳон беш аз 700 вакил аз 60 кишвари дунёро гирд овард, ки намояндагони ҳамаи динҳои бузурги ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалиро дар бар мегирад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube