Рубрики Pressa

Иҷрои ҷамъоварии пахта дар Бохтар ва Левакант


Шаҳри Бохтар ва Левакант нақшаи ҷамъоварии пахтаро пеш аз муҳлат ва барзиёд иҷро карданд. Феълан дар саҳро ҳосил зиёд аст ва ҷамъоварии он муташаккилона идома дорад.

Аз Сарраёсати кишоварзӣ дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj иттилоъ доданд, ки аз 25 шаҳру ноҳия, аввалин шуда шаҳри Левакант ва Бохтар нақшаро иҷро карданд.

Дар шаҳри Бохтар дар майдони яке 250 гектар ва дар шаҳри Левакант 1030 гектар замин пахта кишт шуда буд. Хоҷагидорон бо истифода аз ҳавои мусоид пахтаро ҷамъоварӣ карданд, ки аз нақша бештар аст.

Ба иттилои Сарраёсати кишоварзӣ ҳоло дар вилояти Хатлон ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ нақшаро аз 60 дарсад бештар кардаанду халос. Нақша дар ноҳияҳои Ёвон, Шаҳритус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Қубодиён, Вахш ва Кӯшониён аз 50 дарсад бештар иҷро шудааст. Боқимонда шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 15 то 49 дарсад иҷроиши нақта таъмин шудаасту бас.

Имсол дар вилояти Хатлон дар майдони беш аз 123 ҳазор гектар пахта кишт шудааст, ки наздики 100 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад. Бояд деҳқонон мувофиқи нақша то охири мавсим 298 ҳазору 100 тонна пахта ҷамъоварӣ кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *