Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Вячеслав Володин аз пешниҳоди манъи вуруди аъзои хонаводаи муҳоҷирони корӣ ба қаламрави кишвар пуштибонӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷироне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Русия меоянд, набояд оилаҳои худро бо худ биёранд.
Ин изҳороти Володин баъд аз пешниҳоди Сергей Миронов, раиси ҳизби “Русияи боадолат – Барои Ҳақиқат” (Справедливая Россия – За правду) баён шуд, ки чанд рӯз пеш дар ҷаласаи Президенти Русия Владимир Путин бо намояндагони порлумон садо дод. Миронов дар ҷараёни ин нишаст гуфт, ки овардани фарзандони муҳоҷирон ба Русия як қатор мушкилиҳоро, аз ҷумла дар низоми таҳсилот ба вуҷуд овардааст.
Володин бо ишора ба масъалаи мазкур гуфтааст:
«Муҳоҷирон барои кор меоянд. Пас чаро бояд аъзои хонаводаи худро ҳамроҳ биёранд?»
Давлати Русия дар давоми як соли ахир силсилаи қонунҳо ва тадбирҳои маҳдудкунандаро алайҳи муҳоҷирон ба тасвиб расонидааст. Яке аз ин тадбирҳо, ки ба таълими фарзандони муҳоҷирон рабт дорад, аз соли ҷорӣ амал мекунад. Дар асоси он, фарзандони муҳоҷирон танҳо баъди гузаштани имтиҳони забони русӣ метавонанд ба мактабҳои давлатӣ пазируфта шаванд.
Дар асоси омори расмӣ, дар пайи ин тасмим зиёда аз 87 дарсади фарзандони муҳоҷирон дар соли таҳсили ҷорӣ натавонистанд ба мактабҳо дохил шаванд.
Ҳуқуқшиносон ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ин иқдомҳоро танқид намуда, онҳоро мухолиф бо ҳуқуқи кӯдакон ва принсипҳои байналмилалӣ арзёбӣ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube