Рубрики Pressa

Тоҷикистонро дар Бозиҳои сеюми кишварҳои ИДМ 142 варзишгар муаррифӣ менамоянд


Тоҷикистон дар Бозиҳои сеюми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки аз 25 сентябр то 9 октябр дар Озарбойҷон баргузор мегардад, бо ҳайати 208-нафара ширкат меварзад. Аз ин 142 нафар варзишгар дар 18 намуди варзиш Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Ба ҳайати умумӣ инчунин 59 нафар мураббиён ва масъулин, ҳамчунин 7 намояндаи воситаҳои ахбори омма шомил мебошанд.

Мусобиқаҳо дар доираи Бозиҳои сеюм аз рӯи 22 намуди варзиш баргузор мешаванд. Тоҷикистон дар 18 намуди он иштирок менамояд, ки нишондиҳандаи сатҳи рӯзафзуни рушди варзиш дар кишвар ба шумор меравад.

Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мадина Қурбонзода – барандаи медали тиллои Чемпионати Осиё байни духтарон, парчамбардори расмии дастаи мунтахаби кишвар дар маросими ифтитоҳи расмии бозиҳо интихоб шудааст.

Дар мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо ҳайати варзишгарон таъкид шуд, ки иштирок дар чунин чорабинии сатҳи баланд на танҳо масъулияти шахсӣ, балки рисолати ватандӯстона ва ифтихори миллӣ мебошад. Варзишгарон даъват гардиданд, ки бо фарҳанг, одоби намунавӣ ва иродаи қавӣ нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд ва Парчами давлатии кишварро бо ифтихор парафшон намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *