Суди вилояти Хатлон модари се фарзанд аз ноҳияи Қубодиёнро барои бо корд захмӣ кардаи кӯдакон ба 28 соли зиндон маҳкум кардааст. Мутаассифана, баъди захмӣ шудани кӯдакон, як кӯдаки шашмоҳааш дар беморхона фавтида буд.
Дар ин бора “Азия – Плюс” иттилоъ додааст.
Ба навиштаи ин расона, Суди вилояти Хатлон Юлдуз Бозорова, сокини 24-солаи ноҳияи Қубодиёнро барои захмӣ кардани се кӯдакаш бо корд ба 28 соли зиндон маҳкум кардааст. Ҷиноят тобистони соли ҷорӣ содир шуда буд.
Юлдуз Бозорова бо модаи 104 қисми 2, бандҳои а, в ,е (куштор) Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор дониста шудааст.
Таърихи баромадани ҳукми суд маълум нест. Ҳамчунин, маълум нест, ки судшаванда ва наздикону вакили дифои ӯ нисбат ба ҳукм чӣ назар доранд.
Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз шаби 21-уми июни соли 2025 Юлдуз Бозорова як духтар ва ду писари хурдсолашро бо корд захмӣ карда буд. Мутаассифана, духтари шашмоҳа дар беморхона ба ҳалокат расида буд ва ду кӯдаки дигараш шифо ёфта, аз беморхона рухсат шуда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube