Рубрики Хабарҳо

Амрико юриши вазири исроилӣ ба Масҷид-ул-Ақсоро маҳкум кард

Нед Прайс, сухангӯи вазорати умури хориҷа Амрико дар конфронси матбуотии рӯзонаи худ дар бораи юриши Бен Гвир ба Масҷид-ул-Ақсо, гуфт: юриши Бен Гвир вазири амнияти миллии Исроил ба Масҷид-ул-Ақсо нигаронкунандааст.  Қаблан кишварҳои арабӣ ин амалкарди вазири исроилиро маҳкум карда буданд.

Прайс бо ишора ба ин ки нигарони ташдиди танишҳо ҳастанд гуфт: ҳар гуна иқдоми якҷонибае, ки вазъи мавҷуди маконҳои муқаддаси Қудсро ба хатар баёндозад, ғайри қобили қабул аст. 

Прайс гуфт: ин иқдом потенсиали ташдиди танишҳо ва таҳрики хушунатро дорад. Ин юриш моро амиқан нигарон кардааст. 

Вай таъкид кард, ки Иёлоти муттаҳида аз ҳифзи вазъияти таърихи маконҳои муқаддаси Қудс ҳимоят мекунад. 

Прайс гуфт, ки Иёлоти муттаҳида ҳеҷ тамосе бо Бен Гвир надоштааст, аммо давлати Амрико дар тӯли рӯз ин мавзӯъро бо давлати ҷадиди Исроил дар миён гузоштааст. 

Гуфтанист, Итамар Бен Гвир, вазири амнияти миллии Исроил, ки ба ҷараёни сиёсии рости ифротии ин кишвар тааллуқ дорад, субҳи имрӯз бо ҳамроҳии пулиси Исроил ворид Масҷид-ул-Ақсо шуд. 

Бен Гвир, ки бо иқдомоти таҳриккунандаи худ машҳур аст, аввалин вазири исроилӣ аст, ки пас аз панҷ сол вориди Масҷид-ул-Ақсо мешавад. 

Фаластиниҳо вуруди вузарои исроилӣ ба ин масҷидро ба маънии нақзи вазъияти ҳуқуқии ин макони муқаддас медонанд. 

Лозим ба зикр аст, бар асос тавофуқномаи сулҳи байни Исроил ва Урдун, ки дар 26 октябри 1994 имзо шуд, Масҷид-ул-Ақсо зери назари идораи бунёдҳои исломии Байтулмуқаддас вобаста ба вазорати авқоф, умури исломӣ ва муқаддасоти Урдун аст. 

Бо ин вуҷуд, аз соли 2003 то кунун бидуни муҷаввизи ин идора, яҳудиён бо тасмими якҷонибаи Исроил ва ҳамроҳии пулиси ин кишвар вориди Масҷид-ул-Ақсо мешаванд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *