Рубрики Pressa

Пешниҳоди навбатии Тоҷикистон ба СММ


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуд, ки Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ эълон гардад.

Сарвари давлат изҳор дошт, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди нодида гирифтани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад, ки ин раванд метавонад таҳдид ба сулҳу субот ва тартиботи ҷаҳонӣ гардад. Бо дарки амиқи ин воқеият, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки зарур аст маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун як унсури муҳим барои таъмини адолат ва эҳтиром ба қонун тақвият ёбад.

Президенти Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки тамоми давлатҳои аъзои СММ ба ин ташаббуси муҳим ҳамроҳ шаванд ва саҳми худро дар ташаккули фарҳанги ҷаҳонии шаффофият, адолат ва эҳтиром ба қонун гузоранд.

«Мо зарурати риояи қатъии қонунҳои байналмилалиро таъкид менамоем ва бар онем, ки ҳамаи низову ихтилофҳо бояд танҳо дар чорчӯби ҳуқуқ ҳал шаванд», – таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Ин ташаббус идомаи мантиқии сиёсати башардӯстона ва ҳуқуқмеҳвари Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ буда, бозгӯи саҳми фаъолу созандаи кишвар дар таҳкими меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *