Ҳафтаи гузашта Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имтиёзҳои навро ба омӯзгорон ҷорӣ кард. “Овози Самарқанд” онро нашр кардааст, ки пешкаши шумо мекунем.
– 25 дарсади пардохти ибтидоии ипотека ба омӯзгороне, ки собиқаи 15-сола доранд, баргардонида мешавад.
– Фарзандони омӯзгорон дар донишгоҳи давлатӣ бо 30 дарсад тахфиф аз рӯи шартнома таҳсил мегиранд.
– Ба муаллимон барои харидани компутерҳо то 10 миллион сӯм кредити имтиёзнок дода мешавад.
– Пардохти хизмати давлатӣ барои омӯзгорон ду баробар кам карда мешавад.
– Барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ сертификати миллӣ ҷорӣ карда шуда, 15 дарсад мукофотпулӣ дода мешавад.
– Бакалаврҳое, ки дипломи имтиёзнок доранд, ҳангоми дар мактаб кор кардан категорияи тахассусии 2-юм ва магистрҳо категорияи тахассусии 1-ум мегиранд.
– Ба муаллимоне, ки ба ТОП-300 донишгоҳ дохил мешаванд, то 20 ҳазор доллари ИМА кредити таълимӣ дода мешавад.
– Ба муаллимони ТОП-100 мактаб/боғча, ТОП-20 техникум, ТОП-10 МТО барои чиптаҳои дохилӣ 15-20 дарсад тахфиф дода мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube