Хабаргузории “ТАСС” иттилоъ медиҳад, ки Игор Краснов бо қарори якдилонаи 160 узви Шӯрои федералии Русия ба вазифаи раиси Суди Олии Федератсияи Русия таъин гардид.
Ин тасмим пас аз вафоти раиси пешин Ирина Подносова қабул шуд. Краснов ягона номзад ба ин вазифа ба ҳисоб мерафт. Ӯ то ҳол вазифаи Прокурори генералии Русияро бар дӯш дошт.
Ба ҷойи ӯ, Александр Гутсан ба ҳайси Прокурори генералии нави Русия таъин гардид. Гутсан то ин дам намояндаи вижаи президент дар минтақаи федералии Шимолу Ғарбӣ буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube