Рубрики Pressa

Боздошти 400 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия


Вазорати корҳои дохилии Русия гуфтааст, ки бо дархости Тоҷикистон дар ҳашт моҳи имсол 400 нафари таҳти ҷустуҷӯро боздошт кардааст.

Ин омор дар ҷаласаи муштараки Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 22-юми сентябр дар Душанбе садо додааст. Маълум нест, ки ҳамаи афроди боздоштшуда ба Тоҷикистон истирдод шудаанд ё на.

Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ аз мулоқоти вазирони ду кишвар дар Душанбе хабар нашр карда, гуфтааст, ки дар ин дидор “мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, мубодилаи иттилоот ва дигар масъалаҳо” баҳс шудааст.

Ҷузъиёти бештаре аз ин нишаст нест. 

Ёдовар мешавем, ки вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия чанд рӯз қабл аз мулоқоти Душанбе дар Чин дидору мулоқот доштанд ва мавзуи шароити муҳоҷирони тоҷикро баррасӣ кардаанд. Ин дидор дар шароите баргузор мешавад, ки муҳоҷирони тоҷик аз мавҷи нави рейдҳои пулис дар Русия шикоят доранд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, вохӯрии Рамазон Раҳимзода бо Владимир Колоколтсев 17-уми сентябр дар Чин баргузор шуда буд. Ҷонибҳо дар бораи “масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, беҳтар намудани шароит ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия” суҳбат кардаанд.

Аммо ҷузъиёти бештар аз ин вохӯрӣ нашр нашудааст ва барои ҳамин маълум нест, ки ду тараф дар бораи беҳтар кардани вазъи муҳоҷирони тоҷик ба чӣ хулоса расидаанд.

Мақомоти Русия мегӯянд, ки беш аз 700 ҳазор муҳоҷир дар ин кишвар санади дуруст барои ҳузур дар ин кишварро надоранд ва агар то 10-уми сентябр санадҳояшон аз нав таҳия нашавад, аз кишвар ихроҷ мешаванд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *