Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон мулоқот намуд.
Бино ба иттилои расмӣ, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба густариши робитаҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ доир ба пешбурди ташаббусҳои муштараки ду кишвар, аз ҷумла дар мавзӯъҳои обу иқлим, баррасӣ шуд.
Ҳамчунин, атрофи дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube