Рӯзҳои 23–25 сентябри соли 2025 дар шаҳри Сиан гурӯҳи кории КВД “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон — Амонатбонк” таҳти роҳбарии директори Департаменти хазинадории бонк Бадриддин Сафаров дар Форуми иқтисодии Авруосиё – 2025 ва ҷаласаи молиявии Бонки давлатии рушди Хитой ширкат варзид.
Форуми мазкур бо ташаббуси Бонки давлатии рушди Хитой ва бо ҳадафи таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои минтақаи Авруосиё, аз ҷумла давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид. Дар доираи форум ҷаласаи пленарӣ ва конфронси молиявӣ доир ба ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” баргузор шуданд.
Дар ҳошияи ин ҳамоиши бонуфуз, ҳайати Амонатбонк вохӯриҳои дуҷониба бо намояндагони як қатор муассисаҳои молиявии аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ (ИББ СҲШ) баргузор намуд. Аз ҷумла, бо роҳбарияти Бонки давлатии рушди Хитой, Беларусбанк ва Бонки рушди Қазоқистон масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои муштарак, мубодилаи таҷриба ва рушди лоиҳаҳои иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешвем, ки Амонатбонк яке аз ниҳодҳои калидии молиявӣ дар кишвар аст. Иштироки Амонатбонк дар чунин ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ имконияти хубест барои тақвияти мавқеи Тоҷикистон дар фазои иқтисодии минтақавӣ ва ҷалби шарикони стратегӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube