Рубрики Pressa

Душанбе ба истиқболи саммити ИДМ (аксҳо)


Шаҳри Душанбе ба истиқболи нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки қарор аст рӯзи 10-уми октябри соли равон баргузор шавад, бо гулҳои рангоранг оро ёфтааст.

Ба иттилои шуъбаи ободонии Ҳукумати шаҳри Душанбе, дар 11 нуқтаи муҳими пойтахт, аз ҷумла назди бинои Парлумон ва Ҳукумат, Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва назди Институти давлатии санъати Тоҷикистон — инсталлятсияҳои гулҳо гузошта шудаанд.

Масъулини мақомоти шаҳр мегӯянд, чунин тадбирҳо бо мақсади фароҳам овардани фазои тоза ва зебо, инчунин истиқболи сазовор аз меҳмонони сатҳи баланд андешида шудаанд.

Интизор меравад, ки рӯзи 9-уми октябр Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварад. Баъд аз он, дар Душанбе нишасти сарони давлатҳои ИДМ дар формати Осиёи Марказӣ ва Русия доир мегардад.

Саммити имсола муҳим арзёбӣ мешавад ва баргузории он дар пойтахти Тоҷикистон ба сатҳи ҳамкориҳои кишварҳои узв ва нақши Тоҷикистон дар минтақа аҳамияти хос мебахшад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *