Рубрики Pressa

Маърифати молиявӣ. Пеш аз бозор рафтан чиро бояд донист?


Харид кардан дар бозор на танҳо як роҳи хуби сарфаи маблағ, балки имкони интихоби маҳсулоти тару тоза мебошад. Аммо, ин фақат дар сурати донистани чанд қоидаи оддӣ имконпазир аст.

Пеш аз харид рӯйхат тартиб диҳед

Пеш аз рафтан ба бозор рӯйхати маҳсулоти заруриро тартиб диҳед. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки аз хариди чизҳои ғайризарурӣ худдорӣ намуда, харидро бо тартиб анҷом диҳед. Ба андешаи иқтисодшинос Маҳина Ҷӯраева, барои сарфакорӣ дар хариди рӯзмарра, шахс бояд одати тартиб додани рӯйхати пешакии маҳсулотро пайдо кунад. “Харид бе нақша одатан ба харҷи нолозим оварда мерасонад”,- мегӯяд ӯ.

Маслиҳат: Барои сарфаи бештари вақт, маҳсулотеро, ки вайрон намешаванд ва ё муҳлаташон дароз аст, аз мағозаҳо ё супермаркетҳо харед. Зеро одатан нархи онҳо пасттар аст ё тахфиф ҷорӣ шудааст.

Нархҳоро муқоиса намоед

Дар бозор нархи маҳсулот бештар ба фурӯшанда вобаста аст ва фарқ мекунад. Бинобар ин, пеш аз анҷом додани харид, ҳадди ақал дар ду-се дӯкон ё растаҳои бозор нархҳоро пурсед, муқоиса намоед.

Маслиҳат: Дӯкону растаҳои дохили бозор ё онҳое, ки дар охири қаторанд, аксар вақт нархҳои дастрас пешниҳод мекунанд.

Аз савдо кардан наҳаросед

Савдо кардан як амали муқаррарӣ ва қобили қабул дар бозор аст. Бо фурӯшанда хушмуомила бошед. Эҳтиром дар муошират метавонад ба коҳиши нарх мусоидат намояд. Ҳамчунин, барои пешгирӣ аз харҷи зиёдатӣ, бо худ миқдори муайяни пул гиред, ки ба рӯйхати маҳсулоти лозима мувофиқат кунад. Ҳангоми муқоисаи нархҳо ба сифати маҳсулот низ аҳамият диҳед. Баъзан арзонтарин маҳсулот метавонад бесифат ё муҳлаташ гузашта бошад.  

Маслиҳат: Саволи оддии “Нархи охиринаш чанд аст?”, “Арзонтар намешавад?” метавонад натиҷаи хуб диҳад. Яъне, нархи маҳсулот паст ва маблағи сарфашуда ба хариди чизҳои дигар истифода мешавад.

Маслиҳатҳои иловагӣ

Якум, бо табассум ва хушмуомила муносибат намоед. Эҳтироми шумо ба фурӯшанда метавонад ба гирифтани маҳсулоти арзонтар сабаб гардад.

Дуюм, миқдори харидро зиёд намоед. Зеро, агар чанд маҳсулот ё миқдоризиёд харед, имкони тахфиф бештар мешавад.

Сеюм, вақти муносибро интихоб кунед. Дар охири рӯз баъзан фурӯшандаҳо омодаанд, ки маҳсулотро бо нархи пасттар фурӯшанд, то маҳсулот боқӣ намонад.

Дар маҷмуъ, бо хариди оқилона дар бозор метавонед на танҳо маблағатонро сарфа кунед, балки таҷрибаи хуб дар зиндагӣ гиред. Бо рӯйхати харид, муқоисаи нархҳо, муоширати хуб бо фурӯшанда ва маҳдуд кардани хароҷот, шумо метавонед як хариди муфиду босамар анҷом диҳед.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *