Рубрики Pressa

“Чойхонаи Гулназар” бояд сохт! — Pressa.tj


Ба таваҷҷуҳи раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода

Тавонӣ, бо сухан афрӯз ҷонро,

Мунаввар кун дили хурду калонро.

Суханро ту макуш аз нотавонӣ,

Ки он ҳам мекушад ҳар нотавонро.

Оре, ҳақ ба ҷониби Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, муаллифи Суруди миллӣ, устоди зиндаёд Гулназар мебошад. Устод Гулназар тавонист, ки бо сухан ҷонҳоро неруи тоза бахшаду қалбҳои хурду бузургро мунаввар намояд. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои эшонро ба назар гирифта, гулгашт ва муҷассамаи шоирро дар маркази ноҳияи Айнӣ ифтитоҳ бахшиданд. Ва шумо сиёсати Пешвои миллатро пайгирӣ карда, 20-уми сентябр 80-солагии мавлуди шоирро дар сатҳи баланд таҷлил кардед ва дӯстону мухлисони устод Гулназарро хушнуд намудед.

Зимни сафаре, ки ба ноҳияи Айнӣ доштем, чойхонаи маркази ноҳияи Айнӣ, ки дар паси муҷассамаи устод Гулназар воқеъ аст, диққати моро ҷалб кард. Хуб мешуд, ки МИҲД-и ноҳия ин чойхонаи миллии чӯбкориеро, ки дар солҳои 1986-1987 бо ҷалби устоҳои ҳунарманди маҳаллӣ бунёд шуда буд, маврид истифода қарор медод. Имрӯз ин чойхона ба назари гардишгарону сайёҳон як бинои нодаркор шуда мондааст. Ҳол он ки, обод кардан ва мавриди истифода қарор додани чойхонаи миллӣ ба ин гулгашт ҳусну таровати бештаре мебахшад ва онро ба макони истироҳатию фароғатии мусофирон, гардишгарон ва сайёҳон табдил медиҳад. 

Бо эҳтиром:

Муллоназари Холназар, Амирҳамзаи Сайидолим, Сомони Нурмуҳаммад, Сайидамир Боқизода, Лоиқи Амирҳамза

Аз идора: Хуб мешуд, ки ин чойхона таъмир ва ба он “Чойхонаи Гулназар” унвон дода шавад, то маҳали истироҳату фароғат ва шеърхонии алоқамандони шеъру шоир бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *