Рубрики Pressa

Душанбе мизбони саммити Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил


Рӯзи 10-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. 

Ба истиқболи ин ҳамоиши сатҳи баланд дар 11 нуқтаи шаҳри Душанбе, аз ҷумла назди бинои Парлумон ва Ҳукумат, Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо гулҳои рангоранг оро дода шудаанд.

Масъулини мақомоти шаҳр мегӯянд, чунин тадбирҳо бо мақсади фароҳам овардани фазои тоза ва зебо, инчунин истиқболи сазовор аз меҳмонон андешида шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи ин ҳамоиши сатҳи баланд 9-уми октябр Президенти Русия Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меоварад. Баъд аз он, дар Душанбе нишасти сарони давлатҳои ИДМ дар формати Осиёи Марказӣ ва Русия доир мегардад.

Баргузории  саммити имсола дар пойтахти Тоҷикистон ба сатҳи ҳамкориҳои кишварҳои узв ва нақши Тоҷикистон дар минтақа аҳамияти хос дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *