Вазорати тандурустии Фаластин омори нави қурбониёни навори Ғаззаро дар натиҷаи ҳамлаи Исроил эълон карданд. Гуфта мешавад, ки то 28 сентябри соли равон дар Ғазза 66 ҳазору 50 нафар кушта шудаанд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки шумораи захмиён ба 168 ҳазору 162 нафар расидааст.
Ёдовар мешавем, ки Исроил пас аз 7 октябри соли 2023 ба навори Ғазза ҳамла кард. Дар он рӯз гуруҳи ҲАМОС ба Исроил ҳамлаи мушакӣ анҷом дод. Ин низоъ то имрӯз (сентябри 2025) идома дорад ва яке аз дарозтарин ва хунбортарин ҷангҳо миёни Исроил ва Фаластин дар таърих ба ҳисоб меравад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube