Рубрики Pressa

Прокурорҳои тоҷику ӯзбек бо ҷиноятҳои фаромиллӣ мубориза мебаранд


Прокурори генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ӯзбекистон Нигматилло Юлдошев масъалаи муқовимат бо ҷиноятҳои фаромиллиро баррасӣ кардаанд.

Тибқи иттилои сомони прокуратураи генералии Тоҷикистон дидору мулоқоти парокурорҳои ду кишвар рӯзи 24-уми сентябр дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи Ҷаласаи 6-уми додситонҳои кулли кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, Воҳидзода ва Юлдошев масъалаҳои муқовимат бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, алалхусус мубориза бо тундгароӣ, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои сайӣериро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Ҳамчунин, ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ миёни додситониҳои кулли ду кишвар гуфтугӯ ва омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи робитаҳо таъкид кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *