Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 18-уми сентябр дар мулоқот бо раҳбарони фраксияи Думаи давлатӣ гуфт, ки “масъалаи лағви патент барои муҳоҷирони корӣ бояд баррасӣ шавад”. Аммо…
Вакилони муҳоҷирбадбин
Рӯзи 18-уми сентябр Владимир Путин бо роҳбарони фраксияҳои парлумон (Дума давлатӣ)-и Русия мулоқот анҷом дод. Дар ин мулоқот раиси фраксияи “Русияи боадолат – барои ҳақиқат” Сергей Миронов, ки бо муҳоҷирбадбиниаш ва ҳамчунин Леонид Слутский – роҳбари ЛДПР пешниҳод карданд, ки сиёсат дар самти муҳоҷират шадидтар карда шавад.
Сергей Миронов пешниҳод кард, ки низоми додани иҷозатномаи кор (патент) барои муҳоҷирон бекор карда шавад, аммо ба шарти шадидтар кардани назорат.
“Системаи “патент”-иро бояд бекор кард. Исбот кун, ки воқеан ба коргар ниёз дорӣ, онҳоро бе оила биёр. Кор кунанд, музд гиранд ва баргарданд”,- гуфтааст ӯ.
Ба ин пешниҳод президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки “масъалаи лағви патент барои муҳоҷирони корӣ бояд баррасӣ шавад.
“Лағви низоми патентӣ барои муҳоҷирон як пешниҳоди хуб аст,- гуфт Путин.- Бояд дар ин бора фикр кунем. Он зиёд истифода мешавад ва ман чизеро истисно намекунам”.
Патент чист?
Патенти кории муҳоҷирон санади расмӣ буда, ба муҳоҷироне, ки ба Русия бидуни раводид меоянд, имкони қонунии корро фароҳам меорад. Ба қавли мақомдорони рус, патент барои назорати мавҷи муҳоҷират ва таъмини ҳуқуқи муҳоҷирон зарур аст.
Дар Маскав нархи патент ба 8900 рубли русӣ баробар аст. Дар дигар минтақаҳои Русия нархи патент дигар мебошад. Даромад аз патент дар саросари Русия садҳо миллион долларро ташкил медиҳад.
20-уми марти соли равон Путин фармон дод, ки дар сурати иҷрои баъзе талабот, аз ҷумла супурдани изи ангушт, ташхиси тиббиву наркологӣ ва надоштани бемориҳои гузаранда, муҳоҷирон аз гирифтани патенти корӣ озод шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube