Президенти Беларус Александр Лукашенко дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳанӯз барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) омода нест. Ин ҷаласа 30-юми сентябр дар шаҳри Минск баргузор шуд.
Мулоқот дар Минск
“Ман мефаҳмам, ки Тоҷикистон ҳанӯз барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё омода нест. Михаил Владимирович Мишустин, мо бояд ҳамтои худро мутақоид кунем, то ин раванд суръат бигирад”,- таъкид дошт Лукашенко.
Ҳамзамон, Президенти Беларус ба зарурати тақвияти ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсӣ дар минтақа таъкид намуда, гуфт, ки гуфтугуҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолтар миёни кишварҳои узв бояд бештар шаванд.
Дар вохӯрии Минск, ки бо иштироки сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ ва ҳайатҳои ҳукуматии Шурои байниҳукуматии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор шуд, масъалаҳои ҳамкории кишварҳо баррасӣ гардид.Таъкид шуд, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти кишварҳои узв барои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва таҳкими рушди устувор мусоидат мекунад. Дар ин ҷаласа Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода низ иштирок дошт.
Манфиат ва мушкилоти ИИАО
Русия, Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон ҷонибдорони асосии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошанд. Кишварҳои номбурда худро «ангуштони як мушт» меноманд. Бо вуҷуди ин, тавоноии ин иттиҳод баҳсбарангез боқӣ мемонад, зеро кишварҳои узв ҳанӯз ҳам бо мушкилоти дохилӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Дар расона борҳо оид ба бурду бохти ин иттиҳод матолиби зиёд чоп шудаанд.
Тоҷикистон то ҳол узвияти ин иттиҳодро қабул накардааст. Масъулин низ дар ин бора расман изҳороти равшан надодаанд. Аммо бархе аз расонаҳо ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ки Тоҷикистон дар остонаи сафари Президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе дархости узвият ба ин иттиҳодро хоҳад дод.
Шараф Раҳимӣ, сардори Раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 24-уми сентябр дар брифинги омодагиҳои Тоҷикистон ба нишасти сарони кишварҳои ИДМ гуфт, ки ин мавзуъ дар барнома нест.
“Дар рӯзномаи ин нишастҳо ин масъала дарҷ нашудааст ва мо баррасии чунин мавзуро ба нақша ҳам нагирифтаем. Чун ин ҷо нишастҳое, ки мо дар пеш дорем, марбут ба масоили ҳамкорӣ ва таҳкими рушди равобити миёни кишварҳои ИДМ аст ва қолаби дигари ҳамкорие, ки мо нишасти сарони давлатҳои онро баргузор хоҳем кард дар Душанбе, марбут ба таҳкими ҳамгироии бештар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия аст”,- гуфт номбурда. Аммо таҳлилгарон ба ин назаранд, ки узвият метавонад барои Тоҷикистон манфиат дошта бошад.
Қаблан Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфта буд, ки дар кишвар гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис ёфтааст. Ин гурӯҳ имкони пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро ҳамаҷониба таҳлил мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ба ҳайати гурӯҳ намояндагони сохторҳои иқтисодӣ, Вазорати адлия, Хадамоти гумрук ва Хадамоти андоз шомил мебошанд, ки омилҳои ҳамгироиро бо назардошти фароянди иқтисоди ҷаҳонӣ ва вазъи геополитикӣ таҳлил ва арзёбӣ мекунанд.
Зарар ва фоидаи узвият
Таҳлилгарон, аз ҷумла доктори илмҳои иқтисодӣ Аброр Мирсаидов таъкид мекунанд, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои кишварҳои аъзо имконият медиҳад, ки гардиши озоди мол, сармоя ва неруи корӣ таъмин шавад. Пайвастан ба ин иттиҳод барои Тоҷикистон ба муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҳуқуқи баробар медиҳад ва имконияти иштирок дар иқтисодиёти кишварҳои узвро васеъ мекунад. Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон маҷбур мешавад, ки тарифҳои гумрукӣ ва дигар меъёрҳои иқтисодии худро мутобиқ созад, ки метавонад таъсири манфӣ низ дошта бошад.
Ба андешаи таҳлилгарон, агар Ӯзбекистон низ узви ИИАО шавад, манфиатҳои Тоҷикистон бештар хоҳад шуд. Зеро роҳи оҳани Тоҷикистон тариқи Ӯзбекистон мегузарад.
Иттиҳод ва таърихи таъсис
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё соли 2015 бо ташаббуси президентҳои Русия, Беларус ва Қазоқистон дар шаҳри Остона таъсис ёфт. Сохтори идораи ин созмон дар Маскав қарор дошта, додгоҳи иқтисодӣ дар Минск ва ниҳодҳои назоратӣ дар Алмаато фаъолият мекунанд. Аз он замон Арманистон ва Қирғизистон низ ба узвияти он пайвастанд.
Ҳоло Тоҷикистон ҳанӯз барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё омода нест. Аммо, бо рушди ҳамкории минтақавӣ ва фаъолтар шудани фаъолияти ин иттиҳод, метавонад дар оянда ба ин созмон ҳамроҳ шавад.
Усмон Раҳимзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube