Дар Тоҷикистон платформаи миллии рақамии “Равзанаи ягона барои МОИ” таъсис ёфт. Он бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат (UNIDO) дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ташкил шуда, бо дастгирии молиявии Русия амалӣ мешавад.
Ин лоиҳа 30 сентябри соли равон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, сармоягузорон ва шарикони байналмилалӣ муаррифӣ шуд.
Мақсади лоиҳа соддагардонии расмиётҳои маъмурӣ, коҳиш додани монеаҳо барои сармоягузорон ва баланд бардоштани шаффофияти равандҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад. Платформа интерфейси ягонаи рақамиро барои дастрасӣ ба иҷозатномаҳо, риояи талаботҳо ва тамдиди ҳуҷҷатҳо фароҳам оварда, табодули бехатари маълумотро байни ниҳодҳо таъмин мекунад.
Тавре ки Алексей Саврасов, роҳбари лоиҳа гуфт:
“Таъсис додани Равзанаи ягона як қадами муҳим ба сӯи табдилдиҳии рақамии фазои сармоягузории Тоҷикистон аст. Мо итминон дорем, ки ин лоиҳа суръатбахшандаи рушди устувор ва ҷалби сармоя хоҳад гардид”.
Лоиҳа тибқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамӣ амалӣ мегардад. Он ҳамгироии вазорату идораҳои давлатӣ, автоматикунонии равандҳо, омӯзиши кормандон ва ҳамоҳангии меъёрҳоро дар бар мегирад.
Лоиҳа бо маблағгузории Ҳукумати Федератсияи Русия ҳамчун қисми ҳамкориҳои байналмилалӣ дар давоми 48 моҳ татбиқ мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube