Дар 8 моҳи соли равон ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Русия ба беш аз 1,4 миллиард доллар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13% афзоиш ёфтааст. Ин рақам 26-уми сентябри соли равон дар ҷаласаи 21-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия садо дод.
Дар ҷаласа, ки бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини раиси ҳукумати Русия Марат Хуснуллин доир шуд, масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва маориф баррасӣ шуд. Қайд гардид, ки соли 2024 ҳаҷми гардиши савдо бо Федератсияи Русия 1,9 миллиард долларро ташкил дод. Ин нишондод нисбат ба соли 2023-юм 200 миллион доллар зиёд аст.
Ҳамзамон, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариш ва истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда изҳор намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот Протокол оид ба фаъолияти муштараки Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия ба имзо расидааст.
Ҳамзамон, дар ин рӯз вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо вазири молияи Русия Антон Силуанов мулоқот намуда, густариши ҳамкорӣ дар идоракунии молия ва истифодаи технологияҳои навро баррасӣ карданд.
Ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, ҷонибҳо аҳамияти сатҳи баланди шарикӣ ва нақши Русия ҳамчун шарики стратегии Тоҷикистонро таъкид карда, зикр намуданд, ки гардиши савдо соли 2024 тақрибан 2 млрд долларро ташкил дод.
Зимни мулоқот татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои молияи ду кишвар ва густариши ҳамкориҳои муштарак баррасӣ шуд.
“Ҳамзамон, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар самти идоракунии рақамии молия, назорати қарзи давлатӣ, табодули таҷриба оид ба барориши коғазҳои қиматнок, аз ҷумла “сабз”, дастгирии омодасозии лоиҳаҳо бо ҷалби институтҳои рушд ва коркарди механизмҳои нави маблағгузорӣ баён намуданд”,- иттилоъ дод манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки президенти Русия Владимир Путин 9-уми октябри соли равон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Ӯ дар нишасти “Осиёи Марказӣ – Русия” иштирок менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube