Дар амалиёти “Камарбанди бехатарӣ – муҳофизи шумо”, ки аз 15 то 25-уми сентябр дар саросари кишвар идома дошт, 6137 ронанда ҷарима карда шудаанд.
Ба гуфтаи Ҷаҳонбин Ҳакимов, сардори Бозрасии давлатии автомобилӣ, ронандагон дар асоси қисми 2-и моддаи 333-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ барои риоя накардан ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва набастани тасмаи бехатарӣ ҷарима шудаанд.
Ин банди қонун аз ним то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 35 то 75 сомонӣ ҷаримаро пешбинӣ менамояд.
Мақомот мегӯянд, ки ин амалиётҳо ба хотири пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ гузаронида мешаванд. Ба қавли масъулини БДА, бештари садамаҳо дар пайи набастани камарбанди бехатарӣ рух медиҳанд.
Бино ба маълумоти ВКД, дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 635 садамаи нақлиётӣ рух дода, дар натиҷа 279 нафар ба ҳалокат расида, 224 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube