Аз 9 то 16 ноябр мусобиқаи байналмилалии шоҳмот барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор мешавад.
Фонди ҷоизаи мусобиқа ҳамагӣ 50 ҳазор доллар аст ва бозиҳо дар меҳмонхонаи «Истиқлол» – и шаҳри Душанбе сурат мегиранд.
Мусобиқа тибқи системаи швейтсарӣ дар 9 давр баргузор хоҳад шуд. Ин мусобиқа аз ҷониби Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон бо дастгирии Федератсияи байналмилалии шоҳмот ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон доир мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube