Абдулмаҷид Муминзод, шаҳрдори Бохтар ду омӯзгори собиқадорро хабар гирифт. Ин иқдом дар арафаи Рӯзи омӯзгор, нишони баланди эҳтиром ба омӯзгор ва қадр кардани заҳмати онҳо мебошад.
Ба омӯзгорони собиқадор маводи хӯрока дода, онҳоро бо Рӯзи омӯзгор таҳният гуфтанд. Абдулмаҷид Муминзод бо нишони эҳтироми хоса ба омӯзгор ба Назрулло Амруллоев, омӯзгори собиқадор, ки бештар аз 60 сол собиқаи корӣ дорад, ҷома пӯшонид. Ҳамчунин, дар ин рӯз, Зебӣ Мараҳимова, омӯзгори собиқадорро хабар гирифта, ба ӯ тӯҳфа ва кӯмак расонида шуд.
Роҳбарият ва масъулини шаҳри Бохтар дар пайравӣ ба Роҳбарияти олии кишвар ба мақому манзалати омӯзгор қадр гузошта, заҳмати онҳоро қадр мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube