Умед Бобозода, Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон (Омбудсмен) аз муассисаи ислоҳии ЯС 3/1, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат боздид намуда, бо вазъи нигоҳдории маҳбусон аз наздик ошно шуд.
Тавре дафтари матбуоти Омбудсмен хабар медиҳад, зимни ин боздид ӯ бо чандин маҳкумшуда, аз ҷумла зиндониёни хориҷӣ аз кишварҳои Қирғизистон, Афғонистон ва Русия мулоқоти алоҳида анҷом дод.
Ба иттилои манбаъ, бархе аз маҳбусони хориҷӣ дар ҷараёни суҳбат хоҳиш карданд, ки масъалаи истирдоди онҳо ба кишварҳои зисташон баррасӣ шавад.
Дафтари матбуоти Омбудсмен мегӯяд, шароити нигоҳдорӣ дар ин муассисаи ислоҳӣ бо талаботи қонунгузории Тоҷикистон ва стандартҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқат мекунад.
Мувофиқи маълумоти расмӣ, ҳоло дар зиндонҳои кишвар беш аз 15 ҳазор маҳбус нигоҳ дошта мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube