Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва ё Омбудсмени тоҷик барои шиносоӣ бо вазъи маҳбусон, ба зиндони Ваҳдат рафта, бо маҳбусони хориҷӣ дар алоҳидагӣ сӯҳбат кардааст.
Дафтари матбуоти Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хабар додааст, ки Умед Бобозода рӯзи 24 сентябр барои ошноӣ бо шароити нигаҳдории зиндониён ва риояи ҳуқуқи онҳо, аз муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, боздид кардааст.
Вай дар ин зиндон бо маҳбусон аз Қирғизистон, Афғонистон ва Русия мулоқот кардааст. Дар хабарнома омадааст, ки бархе аз ин маҳбусон аз Омбудсмени тоҷик хостаанд, онҳоро ба кишварҳояшон истирдод кунанд.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон шароити нигоҳдории маҳкумшудагонро хуб ва мутобиқ ба қонунҳои кишвару санадҳои байналмилалӣ хондааст.
Қаноатмандии Омбудсмен аз вазъи маҳбусон дар ҳолест, ки ин мавзӯъ борҳо мавриди нигаронӣ ва интиқоди созмонҳои ҳуқуқӣ ва коршиносон қарор гирифта буд.
Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар моҳи апрели соли 2024 «аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон» мушкили ҷиддӣ номида буд.
Бино ба ин гузориш, баъзе аз зиндониҳо ҳангоми беморӣ аз дастрасии саривақтӣ ба ёрии тиббӣ маҳруманд.
Омбудсмен дар гузориши солонаи худ, ки соле пеш нашр шуда буд, гуфт, 350 зиндонӣ мубталои вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) ва беш аз 100 нафар бемори сил доранд, ӯ инро як «душворӣ» дар зиндонҳои кишвар номида буд.
Дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 15 ҳазор маҳбус адои ҷазо мекунанд.