Рубрики Pressa

Душанбе мизбони синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии «Тоҷи сомон»


Аз 15 то 20 октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» доир мешавад.

Тавре ки аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд, дар ҷашнвора меҳмон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиё ва Аврупо иштирок намоянд.

Дар доираи ин ҷашнвора баргузории ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳо, рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ-филмҳои тасвирӣ, ҳунарӣ ва мустанад, ҳамоиш бо иштироки намояндагони маъруфи кинои давлатҳои хориҷи дуру наздик, нишастҳои матбуотӣ ва дарси «Устод ва шогирд» пешбинӣ гардидааст.

Инчунин баргузории рӯзҳои кинои Федератсияи Русия, Эрон, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Мақсади гузаронидани синамоҷашнвора дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино мебошад

Ёдовар мешавем, ки Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» дар ду сол як маротиба баргузор мешавад. Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» соли 2023 доир шуд буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *