Рубрики Pressa

Тоҷикистон кай аз муҳоҷират халос мешавад?


Бонки авруосиёии рушд (БАОР) пешгӯӣ кардааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кай аз мушкили муҳоҷирати корӣ раҳоӣ меёбад. 

Коршиносони БАОР дар гузоришҳои моҳи сентябриашон зикр кардаанд, ки аломатҳои нахустини коҳиши муҳоҷирати корӣ дар Тоҷикистон баъди 10 сол оғоз шуда, эҳтимол пас аз 30 сол Тоҷикистон пурра аз муҳоҷирати корӣ “халос” шавад. Яъне тибқи ин пешгӯйӣ имкон дорад, ки солҳои 2050 Тоҷикистон кишваре шавад, ки аз мушкили муҳоҷират раҳоӣ пайдо мекунад.

Муаллифони гузориш бар онанд, ки наздикшавии маош ва нишондиҳандаҳои демографии Тоҷикистон бо Русия ба ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ хоҳад дошт.

“Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои содиркунандаи қувваи корӣ дар минтақа фарқияти маош бо Русияро кам мекунад. Тайи 4-5 соли охир маоши миёна дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистону Арманистон бо музди меҳнати миёна дар Русия наздик мешавад”,- навиштаанд онҳо.

Тибқи арзёбии БАОР, маош дар Тоҷикистон нисбат ба Русия пасттар аст, вале ин фарқият дар даҳсолаи ҷорӣ коҳиш меёбад, аммо фарқияти маош пурра аз байн намеравад.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки ба ҷуз фарқият дар маош, фаъолмандии ҷараёни муҳоҷират бо демография низ муайян карда мешавад. Онҳо зикр мекунанд, ки теъдоди таваллуд ба ҳисоби 1000 нафари аҳолӣ дар Тоҷикистон тадриҷан 1-2 нафар дар як сол кам мешавад.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон яке аз муҳаррикҳои калидӣ барои иқтисоди кишвар боқӣ мемонад.

“Интиқоли маблағҳо, ки дар тавозуни пардохт ҳамчун “маоши кормандон” ва “интиқоли шахсони воқеӣ” зикр мешаванд, қариб нисф (47,6%)-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистонро дар соли 2024 ташкил медиҳанд”,- таъкид мешавад дар гузориш.

Зикр мегардад, ки Тоҷикистон давоми 20 сол боз яке аз пешсафон дар ҷаҳон аз лиҳози таносуби интиқоли маблағ нисбат ба ММД мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *