Рубрики Pressa

БМТ: Таҳкими ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои БАТР дар бахши молиявӣ баррасӣ шуд


Масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар бахши молиявӣ зимни мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд таҳти роҳбарии директори бахши муассисаҳои молиявии бонк оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Туркия Георгий Орлов дар Душанбе баррасӣ шуд. 

Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон ба Pressa.tj иттилоъ доданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат шинос намуда, гуфт, ки новобаста ба сатҳи баланди номуайянии иқтисодӣ дар минтақа нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат муътадил боқӣ мемонанд.

Ҷонибҳо дар мулоқот масъалаҳои марбут  ба дастгирии лоиҳаҳои соҳибкории хурду миёна, занони соҳибкор, ҷавонон, ташаббусҳои иқтисоди «сабз», инчунин рушди бозорҳои молияю сармоя ва такмили механизми самараноки сиёсати пулию қарзиро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо инчунин оид ба рушди бозори суғуртаи мамлакат табодули назар намуда, қабули «Стратегияи рушди низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029»-ро  заминаи муҳим барои ислоҳот ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардонидани соҳа арзёбӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ин самт ба тақвияти иқтидори идораи назорати суғуртавӣ ва татбиқи намудҳои хизматрасонии суғуртавӣ мусоидат мекунад. Ҷонибҳо барои идомаи татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок ва рушди устувори низоми молиявии мамлакат изҳори омодагӣ намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *