Дар шаҳри Душанбе як марди хориҷиро ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона дастгир ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 3 октябр бо нашри як навори видеоӣ гуфт, ки ин фард дар охирҳои моҳи апрели соли равон бо ҳадафи соҳибкорӣ ба пойтахти Тоҷикистон омада, зери ниқоби тарабхона дар асл фоҳишахона ташкил кардааст.
Пулис дар шарҳи мавзуъ гуфтааст, ки гумонбар дар дохили як таҳхона, ки ба иҷора гирифта буд, 14 ҳуҷра бо шароитҳои махсус омода намуда, 15 ҷавондухтарро аз кишварҳои хориҷӣ барои хизматрасониҳои ҷинсӣ, ҷалб намудааст.
Бо вуҷуди он, ки дар видео чеҳраи ин мард нишон дода мешавад, аммо гуфта нашудааст, ки ӯ шаҳрванди кадом кишвар аст. Ҳамчунин маълум нест, ки ин ҷавондухтарони боздоштшуда, шаҳрвандони кадом кишвар(ҳо) ҳастанд.
Айни замон пулис фаъолияти ин марказро қатъ карда, нисбати боздоштшуда бо моддаи 239-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, парванда оғоз гардидааст. Ин банди Кодекс барои «ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона», ҷарима ва ё маҳрум намудан аз озодиро пешбинӣ мекунад.
Ҳамзамон, ба гуфтаи пулис, нисбати ин занони хориҷӣ бо моддаи 130-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии Тоҷикистон протоколҳо тартиб дода шуда, аз қаламрави кишвар ихроҷ карда мешаванд.
Маълум нест, ки оё фарди дастгиршуда ва занони муттаҳам ба сабукпойӣ, бо вакили дифоъ таъмин ҳастанд ва ба ин иттиҳом чӣ назар доранд.
Ин барои бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон хориҷиҳо ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт мешаванд.
Дар моҳи феврали соли 2019 кормандони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як шаҳрванди Чин ва як табааи Ветнамро бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона бо ҷалби хориҷиён боздошт карда буданд.
Он замон пулис гуфт, ки як зани ветнамӣ бо як шаҳрванди Чин машварат карда, бо баҳонаи таъмини кор дар тарабхонае дар Русия се зани ветнамиро аз тариқи Қазоқистон ба Тоҷикистон оварданд.
«Муштариён ин се зан бештар шаҳрвандони Чин будаанд, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд»,-омада буд он замон дар хабари ВКД.