Рубрики Pressa

БАТР қариб 10 миллион евро ва доллар барои татбиқи ду лоиҳаи Тоҷикистон ҷудо мекунад


Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) барои татбиқи ду лоиҳа дар Тоҷикистон маблағи умумии 4,8 миллион евро ва 6 миллион долларро дар шакли қарз ва грант ҷудо менамояд.

Дар асоси созишномаҳои имзошуда, барои лоиҳаи “Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Ёвон” ба Тоҷикистон 4,8 миллион евро маблағ ҷудо карда мешавад, ки аз он 2,4 миллион евро қарз ва 2,4 миллион евро грант мебошад. Ҳамзамон, барои дастгирии техникии ин лоиҳа 450 ҳазор евро маблағ ҷудо мегардад.

Ҳамчунин, барои амалӣ намудани лоиҳаи “Модернизатсияи низоми таъминоти гармидиҳии шаҳри Душанбе” 6 миллион доллар маблағ ҷудо мешавад, ки нисфи он, яъне 3 миллион доллар грант ва боқимонда 3 миллион доллар қарз мебошад.

Созишномаҳо 6-уми октябр дар шаҳри Душанбе байни Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Марк Бауман, ноиби президенти БАТР имзо шудаанд.

Инчунин, дар рафти мулоқот масъалаҳои рушди энергетикаи барқароршаванда, аз ҷумла нерӯи офтобӣ тавассути шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ, густариши “молияи сабз”, беҳдошти хидматрасониҳои коммуналӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва пешбурди рақамисозӣ баррасӣ гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *