Ноҳияи Мастчоҳ бо 502 тонна пахта дар ҷамъоварии якрӯзаи ҳосили пахта дар миқёси ҷумҳурӣ пешсаф гардид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти ноҳияи мазкур ба Pressa.tj иттилоъ доданд.
Ба иттилои Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон, 5 октябр дар миёни ҳамаи шаҳру ноҳияҳои пахтакори мамлакат аз ҳама бештар ноҳияи Мастчоҳ 502 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ намудааст. Тибқи маълумоти ситоди ноҳиявии “Ҳосил-2025” ин омор 1,8 фоизи дурнамои истеҳсоли ҳосили имсоларо ташкил медиҳад.
Баъд аз ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, дар ҷои дуюм ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон бо ҷамъоварии 418 тонна, ҳамчунин ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Вахш бо 396 тонна пахта ҷойҳои минбаъдаро ишғол карданд.
То 6 октябр дар ноҳияи Мастчоҳ дар маҷмуъ 16 ҳазору 240 тонна пахта ҷамъоварӣ шуда, 59,3 фоизи дурнамои истеҳсолро ташкил медиҳад. Бо чунин нишондиҳанда ноҳияи Мастчоҳ ҳанӯз дар миёни ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд мавқеи пешсафро соҳиб аст.
Ба иттилои Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ ҳосилнокии миёна дар ноҳия 16 сентнер аз ҳар гектарро ташкил медиҳад, ки ин баробари сатҳи миёнаи ҷумҳурӣ мебошад. Ба қавли масъулон, ҳаҷми умумии ҳосили имсолаи ҷамъовардашуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 маротиба зиёд аст.
Ба гуфтаи кишоварзони пуртаҷриба обу ҳавои мусоид ва истифодаи дурусти навъҳои тухмии серҳосил имсол ба баланд шудани ҳосилнокии “тиллои сафед” низ мусоидат намудааст.
Ҳамчунин, мутахассисон мегӯянд, ин ҳосили хуби имсола аз татбиқи саривақтии чораҳои агротехникӣ, зиёд шудани майдони кишт ва ҷалби васеи захираҳои меҳнатӣ низ шаҳодат медиҳад.
Аз ситоди ноҳиявии “Ҳосил – 2025” изҳори боварӣ намуданд, ки дар сурати нигоҳ доштани чунин суръати ҷамъоварӣ ноҳия метавонад дар муддати кӯтоҳ иҷрои пурраи дурнамои истеҳсоли пахтаи соли ҷориро таъмин намояд.
Бо мақсади саривақт ва беталаф анҷом додани ҷамъоварии ҳосил, дар рӯзҳои истироҳат низ сафарбарии ҳашарчиён идома дорад. Ҳамарӯза зиёда аз 10 ҳазор нафар ҳашарчӣ аз ҳисоби саҳмдорон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони маҳаллӣ ба саҳро баромада, дар ғунучини пахта ба деҳқонон кумак мерасонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube