Рубрики Pressa

Истифодаи электросамокат ва электроскутерҳо дар Душанбе  манъ шуд


Фаъолияти электросамокатҳо, электроскутерҳо ва дигар воситаҳои сайёри инфиродӣ, ба истиснои онҳое, ки ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, дар роҳҳои автомобилгард ва пиёдагарди пойтахт то соли 2030 муваққатан манъ карда мешавад.

Дар ин бора Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарор қабул кард.

Як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе ба Pressa.tj иттилоъ дод,  ки тибқи қарор истифодаи ин воситаҳои нақлиёт танҳо дар ҷойҳои махсус муайяншуда иҷозат дода мешавад.

Ҳадафи асосии ин тасмим, пешгирӣ аз бенизомии ҳаракати электросамокатҳо, ҳифзи бехатарии пиёдагардон ва ронандагон ва фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ арзёбӣ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *