Рубрики Ozodi

Мухолифони тоҷик барои ширкат дар ҳамоиши САҲА ба Лаҳистон рафтаанд



Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз Исроил хостааст, ки ба таври фаврӣ ба бомбаборони Ғазза поин диҳад.

Трамп шаби гузашта дар паёме дар шабакаи Social Truth навишт, «Исроил бояд фавран бомбаборони Ғазза бас кунад, то битавонем афродеро, ки назди «Ҳамос» гаравгон ҳастанд, раҳо кунем».

Гурӯҳи «Ҳамос» дервақти ҷумъа бахшҳое аз тарҳи пешниҳодшудаи сулҳ аз сӯи Амрикоро пазируфт, аммо дар бораи ин, ки силоҳҳои худро ба замин бигузорад, чизе нагуфт.

Трамп дар идомаи паёми худ навиштааст, ки дар бораи ҷузъиёти ин тарҳ баҳс мешавад, аммо ин тарҳ фақат хос ба Ғазза нест, балки барномаи фарогир барои сулҳ дар Ховари Миёна аст, ки «муддати тӯлонӣ дар талоши расидан ба он будем».

Нуқтаҳои асосии ин тарҳи пешниҳодшуда аз сӯи Амрико, ин раҳоии ҳамаи гаравгонҳо аз сӯи «Ҳамос», аслиҳаи худро ба замин гузоштани ин гурӯҳ, вогузории қудрат дар Ғазза ба технократҳо мебошад.

Дар иваз, Исроил бояд ҳамлаҳои худро ба Ғазза қатъ кунад, нерӯҳои низомиашро аз Ғазза берун созад ва талош барои бозсозии Ғаззаро оғоз кунад.

Чанд соат қабл аз ин, раисҷумҳури Амрико ҳушдор дода буд, ки агар «Ҳамос» то бегоҳи якшанбе ба ин тарҳ посух надиҳад, бо паёмадҳои ногувор рӯбарӯ хоҳад шуд.

Трамп ҳафтаи гузашта дар Кохи Сафед бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу мулоқот кард ва тарҳи пешниҳодии сулҳ низ пас аз ҳамин дидор матраҳ шуд.

Аз сӯи дигар, хабаргузории «Рейтерз» гузориш додааст, ки пас аз нашри паёми нави Трамп, ҳанӯз Исроил ба ҳамлаҳояш дар Ғазза идома додааст. Бар асоси гузоришҳо, дастикам 70 тан рӯзи ҷумъа дар ҳамлаҳои Исроил кушта шуданд.

Ҷанги навбатӣ миёни фаластиниҳо ва Исроил рӯзи 7-уми октябри соли 2023 бо ҳамлаи гурӯҳи «Ҳамос» ба Исроил оғоз шуд. Дар ин рӯз «Ҳамос» 1200 исроилиро кушт ва беш аз 250 тани дигарро ба гарав бурд.

Дар пайи ҳамлаҳои наздик ба ду соли Исроил ба Ғазза беш аз 66 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд.





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *