Рубрики Pressa

Қазоқистон омодаи хариди барқ аз “Роғун”


Қазоқистон омодаи хариди нерӯи барқ аз Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аст. Ин ва дигар масъалаҳо дар мулоқоти Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо Ерлан Аккенҷенов, вазири энергетикаи Қазоқистон, ки дар Остона баргузор шуд, баррасӣ гардид.

Вазорати энергетикаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин дидор дар ҳошияи ҳамоиши “Kazakhstan Energy Week – 2025”, ки аз 2 то 4-уми октябр дар пойтахти Қазоқистон баргузор гардид, сурат гирифт.

“Ҷониби Қазоқистон омодагии худро барои имзои Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба интиқоли нерӯи барқ аз Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” баён дошт”,- хабар медиҳад манбаъ.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамоҳангсозии низомҳои энергетикии Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро низ баррасӣ кардаанд.

Вазорати энергетикаи Қазоқистон дар шарҳи ин вохӯрӣ навишт, ки “Созишномаи байниҳукуматӣ дар мавриди таъминоти барқ аз Нерӯгоҳи барқии “Роғун” дар асоси Меморандуми соли 2023 пешбинӣ мешавад.

“Мо ин созишномаро воситаи мукаммали фарогир медонем, ки имкон медиҳад системаи энергетикии кишварҳо муттаҳид гардида, ба рушди кишоварзӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ мусоидат кунад”,- гуфтааст Ерлан Аккенжанов.

Лоиҳаи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи барқ, аз ҷумла хариди неруи барқи НБО “Роғун” аз ҷониби Қазоқистон дар портаи иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли гузашта нашр шуда буд.

Дар он гуфта мешавад, ки интиқоли барқ аз нерӯгоҳи “Роғун” бо назардошти имконоти техникии кишварҳои ҳамсоя тариқи хатҳои байнидавлатии интиқоли барқ амалӣ мегардад. Муҳлати амали созишнома 20 сол аст. Интиқоли барқ аз “Роғун” танҳо дар соатҳои камбуди барқ дар минтақаи шимолу ҷануби Системаи ягонаи электроэнергетикии Қазоқистон сурат мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *