Рӯзҳои 8-10-уми октябри соли равон шаҳри Душанбе мизбони чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсиву дипломатӣ аст. Барномаи серӯза иштирок ва мулоқоти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Федератсияи Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро фаро мегирад. Он ҳамчун қадами муҳим дар роҳи тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва амнияти минтақа дониста мешавад.
Сафари давлатӣ
Сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон рӯзи 8-уми октябр оғоз мешавад. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ҷараёни ин сафар мулоқоти расмӣ бо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, музокирот дар шаклҳои “як ба як” ва бо ҳайатҳои васеъ, инчунин, имзои санадҳои муҳими ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, амният, маориф ва фарҳанг дар назар аст. Дар анҷоми вохӯрӣ нишасти матбуотии муштараки роҳбарони ду кишвар баргузор мешавад.
Юрий Ушаков, ёвари Президенти Русия ба расонаҳои кишвари худ иттилоъ дод, ки “шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар кор мекунанд, дар соли 2024 ба ватани худ беш аз 1,8 миллиард доллар фиристодаанд, ки 17% маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистонро ташкил медиҳад”.
Ҳамчунин, ӯ гуфт, дар Русия тақрибан 1,2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон кор мекунанд, ки 16% коргарони хориҷӣ дар ин кишварро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи Ушаков, дар ҷараёни сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон масоили муҳоҷират як мавзуи аслӣ хоҳад буд.
Ушаков гуфт: “Дар ин сафар Владимир Путинро ҳайати калони ҳукуматӣ, аз ҷумла Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия ҳамроҳӣ мекунанд”.
Саммити “Осиёи Марказӣ – Русия”
9-уми октябр роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия дар Душанбе гирд меоянд, то Саммити дуюми “Осиёи Марказӣ – Русия”-ро баргузор намоянд. Дар маркази таваҷҷуҳи ин ҳамоиш масъалаҳои амният, муқовимат ба таҳдидҳои фаромарзӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, ҳамкории энергетикӣ ва нақлиёт қарор доранд.
Ба андешаи коршиносон, дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳон бо буҳронҳои мураккаб рӯ ба рӯст, чунин форматҳои минтақавии ҳамкорӣ на танҳо василаи ҳалли мушкилот, балки заминаи эътимод ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳамсоякишварҳоро фароҳам месозанд.
Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ
9-уми октябр таҳти раёсати Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ баргузор мегардад.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ин ҷаласа роҳбарони дипломатияи кишварҳои узв масъалаҳои тақвияти ҳамкории бисёрҷониба дар доираи ИДМ, рӯзномаи Саммити роҳбарони давлатҳо ва масъалаҳои муҳими сиёсати байналмилалӣ ва минтақавиро омода мекунанд. Таъкид мешавад, ки дар ин ҷаласа масъалаҳои таъмини амният, рушди устувор ва ҳамоҳангсозии амалҳо дар арсаи ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Барои ояндаи устувор
10-уми октябр ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои ИДМ таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат баргузор мешавад. Ин ҷаласа баррасии масъалаҳои амният, иқтисоди минтақа, тағйирёбии иқлим ва равандҳои глобалиро дар бар мегирад.
Дар он Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, Президенти Қирғизистон Содир Жапаров, Президенти Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Арманистон Никол Пашинян иштирок менамоянд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин ҳамоиш таваҷҷуҳи махсус ба ҳамоҳангсозии амалиётҳо дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои фаромиллӣ дода мешавад. Интизор меравад, ки дар поёни ҷаласа санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расанд.
Мавқеи Тоҷикистон
Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки Тоҷикистон солҳои охир бо сиёсати мусолиҳатомез нишон дод, ки метавонад нақши калидӣ дар мустаҳкам сохтани робитаҳои байни кишварҳои пасошуравӣ ва махсусан дар арсаи ИДМ бозӣ кунад. Ин ҳамоиш як имкони хуб барои эҳёи рӯҳияи ҳамкорӣ дар фазои пас аз танишҳои солҳои охир аст.
Баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд дар Душанбе на танҳо мавқеи геосиёсии Тоҷикистонро тақвият мебахшад, балки ба густариши ҳамкориҳои судманд дар тамоми минтақа мусоидат мекунад. Иштироки фаъолонаи роҳбарони кишварҳои минтақа ва шарикони стратегии онҳо гувоҳи равшани эътимод ба сиёсати давлати Тоҷикистон ва нақши афзояндаи он дар муътадилсозии равандҳои минтақавӣ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube