“Шароит дар хизмати ҳарбӣ чӣ гуна аст?”. Ин суолест, ки ҳамасола дар арафаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дода мешавад. Ва яке аз сабабҳое, ки ҷавонон аз хизмати сарбозӣ сарпечӣ мекунанд, посухи нодуруст ба ҳамин суол аст.
Барои ман душвор набуд, зеро…
Барои гирифтани посух ба ин суол бо хабарнигорамон дар шаҳри Истаравшан Абдуғаффор Шодиев ҳамсуҳбат шудем, ки баҳори имсол хизмати сарбозиро бо сари баланд адо карда, ба хона баргашт ва айни замон ба фаъолияти рӯзноманигорӣ идома медиҳад.
Абдуғаффор Шодиев хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Ӯ моҳи апрели соли 2024 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуд. Мавсуф дар қисми ҳарбии 04533-и ноҳияи Деваштич ва пасон дар ротаи алоҳидаи қисми ҳарбии мазкур, ки дар шаҳри Истаравшан воқеъ аст, адои хизмат намуд.
Абдуғаффор таассуроти худро аз як соли хизмати ҳарбӣ нақл кард. Ӯ мегӯяд: “Мо – наваскарон то қабули рӯзи савганди ҳарбӣ дар карантин қарор доштем. Дар казармаи алоҳида хоб карда, ба муҳити хизмати ҳарбӣ мутобиқ мешудем. Соатҳои муайян қадамзании якҷоя, қоидаҳои сафороӣ ва уҳдадориҳои хизматчии ҳарбиро аз худ мекардем. Барои омӯзиши мо афсарон ва сержантон ҷудо шуда буданд. Дар саф истодан, қадам задан, тамринҳои сарбозӣ ба ман ғурури хос меафзуд. Вақте ки либоси ҳарбиро пӯшидам, маро эҳсоси аҷиб фаро гирифт. Дарк кардам, ки либос не, масъулияти бузург бар дӯш дорам”.
Қаҳрамони мо мегӯяд, чун муҳассили кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, барояш қадамзаниву дар саф истодан ва аз худ кардани қоидаҳои оинномаҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкил набуд.
Шароити қисми ҳарбӣ
Абдуғаффор мегӯяд, дар казарма барои сарбозон тамоми шароит мавҷуд аст. Ҳар як сарбоз дорои рахти хоб, сачоқ, хамираи дандоншӯйӣ, маводи шустушӯй, крем барои пойафзол ва ғайра мебошад, ки дар ҳар яки он рақамгузорӣ гардида, ному насаби сарбоз навишта шудааст.
“Вазифаи сарбоз обутоб додани бадан, тамрини пайваста, омӯхтани омодабошиву усулҳои ҷанг, омӯзиши фанҳои муқарраргашта, тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи қисми ҳарбӣ, қатъӣ риоя намудани гигиенаи шахсӣ ва аз ҳама муҳим, нигоҳ доштани интизоми ҳарбӣ ва муносибатҳои байниҳамдигарӣ мебошад”,- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфти қаҳрамони мо, казарма дар фасли сармо бо гармидиҳакҳои барқӣ (радиаторҳои калон) ва ҳам печкаҳои ҳезумсӯз гарм карда мешавад. Дар гармо бошад, тавассути шамолдиҳакҳо салқин мешавад. Назар ба гуфти ӯ, хӯроки қисми ҳарбӣ аз чор маҳал (дар нисфирӯзӣ хӯроки яккум-дувум) иборат буда, бо салат, равғани зард, чойи ширин, шарбат ва аксари вақт бо меваҳои тару тоза таъмин буд. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки ҳар як қисми ҳарбӣ дорои нуқтаи тиббӣ буда, бо маводи доруворӣ таъмин аст.
“Шароити қисми ҳарбӣ ҳам мисли хона, фақат дар чаҳорчӯбаи тартибу низом. Ин ҳама аз дастгирию таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад”,- афзуд Абдуғаффор.
Муносибати афсарон
Абдуғаффор Шодиев мегӯяд, дар хизмат инсон ҷасорат, матонат, мустақилият, масъулият ва аз ҳама муҳим ба қадри ҳар як неъмат расиданро меомӯзад. Хизмат таҷрибаву сабақҳое медиҳад, ки тамоми умр раҳнамои зиндагӣ мешаванд. Зеро хизмат мактаби мардонагиву шуҷоат буда, дар он мардони асилу комил, афсарони ватандӯст ва ба касбу кори худ содиқ бо садоқат хизмат мекунанд. Онҳо дар баробари омӯхтани усулҳои ҷанг дарси мардонагӣ медиҳанд.
“Афсарон ҷавонмардонеанд, ки ҳаёту мамоти худро барои ҳифзи марзу буми ватан, сулҳу субот ва оромиву осудагии кишвар бахшидаанд. Ман дар симои онҳо ватандӯсти асил, ҳимоятгар ва ҷавонмарди ҳақиқиро дидам. Дар давоми хизмат аз дастгирии пайвастаи онҳо, ки ҳамчун падар, бародар ғамхорӣ мекарданд, бархурдор будам. Аз командирамон капитан Мухтор Валиҷонзода, капитан Толибҷон Акрамов ва майор Обид Собирзода аз замин то осмон миннатдорам”,- иброз дошт қаҳрамони мо.
Имконият барои сохтани ояндаи бузург
Назар ба гуфти Абдуғаффор Шодиев, мувофиқи реҷаи рӯз пас аз хӯроки шом вақти холигии сарбоз муқаррар гардидааст. Сарбоз метавонад дар ин муддат либосҳояшро тамиз кунад, китоб мутолиа намояд, бо бозиҳои шашка, шоҳмот машғул шавад, ё дар хонаи фароғатӣ телевизион тамошо кунад.
“Ман, ки ба хондан шавқи зиёд дорам, бештар китобу рӯзнома мутолиа мекардам. Ҳамзамон, ба навиштани қиссаву ҳикояҳои воқеиву тахайюлӣ машғул мешудам. Инчунин, қариб 50 шеъри ватандӯстона аз худ кардам. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Суруди сарбоз”, ки бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дивизия баргузор гардид, дар номинаи “Хониши бадеӣ” иштирок намуда, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидам”,- иброз дошт қаҳрамони мо.
Абдуғаффор мегӯяд, якчанд ҳамхизматаш дар давоми хизмат ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ машғул шудаанд. Ба гуфти ӯ, ҳамхизматаш Умед, ки ихтисосаш табиб аст, забони олмониро ба тариқи худомӯзӣ пурра омӯхтаст. Ҳамхизматони дигараш аз Исмоил ном сарбоз, ки дар факултаи “Муносибатҳои байналмилалӣ”-и ДМТ таҳсил кардааст, забони англисиро то андозае аз худ кардаанд. Бино ба гуфти ҳамсуҳбати мо, “ҳар як вақти холии сарбоз имконияти бузург барои сохтани оянда аст!”.
Сипари боэътимоди Ватан
Абдуғаффор мегӯяд, ки сарбозон дар чорабиниҳои гуногун иштирок мекунанд ва дар доираи барномаҳои гуногун ба саёҳат бурда мешаванд. Онҳо дар замони сарбозӣ мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла “Қалъаи Хуҷанд”, “Қасри Арбоб”, Хона-музейи аллома Бобоҷон Ғафуров, Осоишгоҳи “Баҳористон” ва дигар ҷойҳои тамошобоби шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро тамошо кардаанд.
Бино ба гуфти Абдуғаффор Шодиев, дар ҳар иду ҷашн ба қисми ҳарбӣ меҳмонон, аз ҷумла раиси шаҳр, муовинони раиси вилоят ва дигар шахсони масъул омада, сарбозонро бо ид табрик мекунанд. Дар ин рӯзҳо барои сарбозон дастархони идона ороста мешавад.
Дар гарнизони Суғд ба муносибати иду ҷашнҳо миёни сарбозон зуд-зуд мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ баргузор мегардад. Сарбозони ғолиб бо диплому ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравӣ ва рухсатии даҳрӯза қадрдонӣ мешаванд.
Дар озмуни “Суруди сарбоз”-и имсола қаҳрамони мо аз рӯйи номинаи “Хониши бадеӣ” иштирок карда, сазовори ҷойи ифтихорӣ гашт.
“Озмуни “Сипари боэътимоди ватан” аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Деваштич баргузор гардид. Озмуни мазкур аз панҷ шарт – муаррифӣ, худбардорӣ, дӯхтани гиребони либоси ҳарбӣ, саволу ҷавоби сиёсӣ, истеъдод (хондани суруд, шеър, саҳначаи ҳаҷвӣ) иборат буд. Дар ин озмун сазовори ҷойи аввал гардидам”,- изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.
Абдуғаффор бо ифтихорномаи командири қисми ҳарбии 04533 ва сипосномаи раиси шаҳри Истаравшан қадрдонӣ шудааст. Ҳамзамон, аз ҷониби командири қисми ҳарбии 01972 полковник Асозода Абдулмумин ба унвони падараш (равоншод) Абдувоҳид Шодиев мактуби миннатдорӣ ирсол гардидааст.
“Як соли хизмат пур аз таассурот, таҷриба ва сабақҳои зиёд буд. Албатта ҳеҷ кас намехоҳад бар дӯши худ қарзи гарон дошта бошад. Фикр мекунам, хизмат ба ватан ҳам қарзи бузурги ҳар як ҷавонмард дар назди давлату миллат аст, ки адо карданаш оромии виҷдон мебошад”,- изҳор дошт Абдуғаффор Шодиев.
Илҳом ЮЛДОШЕВ,
ш. Истаравшан
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube