Рубрики Pressa

Меъёр касбият буд — Pressa.tj


(Идома аз мақолаи “Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд”)

Меъёр касбият буд

Шерализода хуб медонист, ки рӯзнома бе чеҳра ва бе қалам зинда намешавад. Барои ӯ интихоби кадрҳо мисли интихоби сарбоз дар ҷанг буд: рӯзноманигор на танҳо лаёқатманд, балки шахсият низ бошад.

Ӯ борҳо дар суҳбатҳо такрор мекард:
– Рӯзномаро на коғаз зинда мекунад, на матбаа. Рӯзномаро одам зинда мекунад. Агар журналист бевиҷдон бошад, ҳарфи ӯ ҳарф нест. Агар бовиҷдон бошад, ҳарфаш садо мешавад.

Ҳарфи садои ӯ ишора ба садои мардум буд.

Аз ҳамин рӯ, меъёри асосӣ ҳангоми ҷалби кадрҳо танҳо як чиз буд: касбият ва лаёқат.

Беҳтаринҳо гирд омаданд. Дар идораи «Садои мардум» чеҳраҳое ҷамъ шуданд, ки ҳар кадомашон сабки худро доштанд: Бахтиёр Муртазоев бо қалами бурандааш, Фотеҳ Абдулло бо таҳлилу фалсафаи зардуштияш, Қироншоҳ Шарифзода бо сабки зиндаву ҷӯяндагиаш, Мардони Муҳаммад бо ҷасорату ростқавлиаш, Умриқул Ҳақбердиев бо таҷрибаи бузурги тарҷумонӣ дар матбуот, Додоҷон Раҷабӣ бо нависандагӣ, Мирзомаҳмуд Мирбобоев бо серталабӣ, Зулфиқор Исмоилиён, Акбари Саттор, Абдуғаффор Қурбонов, Марямбонуи Фарғонӣ… Ҳар кадомашон ба ин хона – хонаи «Садои мардум» садо ва ранги хоса ворид карданд.

Ман худ, ҳамчун котиби масъул, дуюмин шахсе будам, ки барои кор дар рӯзнома пешбарӣ ва тасдиқ шудам. Сухани Шерализодаро нашикастам. Аввал, эҳтироми шахсӣ нисбат ба ӯ доштам. Дувум, ба рӯзномае меомадам, ки ҳанӯз вуҷуд надошт. Ин худ як мактаби санҷиш буд: аз сифр оғоз кардан.

Он солҳо масъулияти омода кардан ва нашри рӯзнома асосан ба дӯши котиби масъул буд. Ин вазифа номенклатураи Президиуми Шурои Олӣ ба ҳисоб мерафт. «Тоҷикистони советӣ» бо сармуҳарририи М. Муҳаббатшоев ва «Комсомоли Тоҷикистон» бо сармуҳарририи Абдуфаттоҳ Воҳидов хеле серхонанда буданд. Он рӯзномаҳо ҳар рӯз мебаромаданд ва рақобат бо онҳо сахт буд.

Аммо Шерализода бовар дошт, ки «Садои мардум» бояд бо оҳанги дигар ҷилва кунад: ҳақ гуфтан, воқеиятро бо ҷасорат баён кардан. Ӯ мегуфт: агар мо ба мардум рост нагӯем, пас, чаро номи рӯзномаро «Садои мардум» гузоштем?

Он замон чопи рӯзнома аз имрӯз садҳо маротиба вазнинтар буд. Ленотипӣ – ҳар як ҳарф бо қурғошим чида мешуд, саҳифабандӣ дастӣ анҷом меёфт. Котибот қариб ҳар шаб то соати 4-и саҳар дар матбаа мемонд ва соати 8 дубора ба идора ҳозир мешуд. Хатои як ҳарф метавонист ба муҷозот бирасонад. Барои ҳамин, ҳисси масъулият дар ҳар кадом аз мо мисли соя аз дунболамон буд.

Аммо маҳз ҳамин машаққат, ҳамин заҳмат ва ҳамин интихоби дақиқи кадрҳо буд, ки аз рӯзҳои аввал «Садои мардум»-ро ба минбари зинда ва пурнуфуз табдил дод.

Чӣ гуна “Садои мардум” нашрияи муваффақ шуд?

Бурди ҳар рӯзнома пеш аз ҳама ба шахсияти сармуҳаррири он вобаста аст. Замони шуравӣ ҳафтаномае бо номи «Литературная газета» чоп мешуд, ки ба як минбари маъруфи тамоми фазои русзабон табдил ёфта буд. Ҳамсабақи ман, Алексей Черниченко, он вақт котиби масъули ҳамин нашрия буд. Боре аз ӯ пурсидам:

– Асрори муваффақияти «Литературная газета» дар чист?

Ӯ бидуни таваққуф ҷавоб дод:
– Дар шахсияти сармуҳаррираш Александр Чайковский.

Ин ҷавоб бароям ҳамеша дар хотир монд. Чунки маҳз ҳамин воқеиятро баъдтар дар таҷрибаи «Садои мардум» бо сарварии Муродуллоҳ Шерализода бо чашмони худ дидам.

Шерализода роҳбари касбӣ ва беҳамто буд. Қалами таҳрири дақиқ дошт, одилу олим буд ва масъулиятро пурра ба дӯш мегирифт. Бо зердастонаш мисли дӯсту бародар рафтор мекард, ҳеҷ гоҳ рӯйхотирбин намешуд. Ин гуна муомила муҳити эътимод ва самимиятро дар идора ба вуҷуд меовард.

Сармуҳаррирӣ барои он кас на ҳукумат, балки хизмат буд. Корро бар заминаи рақобати солим ба роҳ монданд: ҳайати эҷодиро ба ду гурӯҳ ҷудо карданд, ҳар гурӯҳ рӯздармиён  рӯзномаро омода месохтанд. Ин равиш ҳунари ҳар кадом журналистро месанҷид ва ҳамзамон сифати маводро боло мебурд.

Муҳимтар аз ҳама, рӯзнома мақсад ва стратегияи возеҳ дошт. Ҳадаф дар атрофи шахсияти роҳбар ҷамъ намеовард, балки тамоми ҳайатро ба як ғоя муттаҳид месохт: «Садои мардум» бояд садои ростӣ ва аз ҳар нашрияи дигар қавитар бошад».

Муҳимтар аз ҳама, рӯзнома мақсад ва стратегияи возеҳ дошт.

Дар шумораи нахустини рӯзнома  Муродуллоҳ Шераализода навишта буд:

 “Садои мардум” минбари халқ ва барои халқ аст. Дар саҳифаҳои он барои чапгароию ростгарой, барои моҷароҷӯию фитнаангезӣ, хусумату ниқоргирӣ ва таҳрифи ҳақиқат ҷой нахоҳад буд. Агар идораи рӯзнома яке аз додрасҳо бошад, пас “Садои мардум” ба хотири табдил ёфтан ба додгоҳи воқеии шумо устуворона пайкор хоҳад кард.

Яке аз ҳадафҳои аввалини Шерализода ҳамин буд: ҳам аз нигоҳи муҳтаво ва ҳам аз нигоҳи теъдоди нашр аз «Тоҷикистони советӣ» пеш гузаштан. Ин ҳадаф дар назари аввал орзу менамуд, аммо дар амал тадбиқ гашт. Танҳо дар зарфи шаш моҳ «Садои мардум» на танҳо аз нигоҳи мазмун, балки дар теъдоди нашр низ пешсаф шуд: агар «Тоҷикистони советӣ» бо 220 ҳазор нусха нашр мешуд, «Садои мардум» ба теъдоди 260 ҳазор расид.

Албатта, ин муваффақият баъзе соҳибрасонаҳоро нороҳат мекард, вале усули нотакрори роҳбарии Шерализода шуҳрат ва маҳбубияти рӯзномаро зина ба зина боло бурд.

Маҳз ҳамин буд асрори муваффақият: роҳбаре, ки ростӣ ва ҷасоратро сармашқ кард, ҳайате, ки ба ҷойи шахсият дар гирди ҳадаф муттаҳид шуд ва муҳите, ки дар он калима на танҳо навишта мешуд, балки садо меёфт.

Марг мушкил, зиндагӣ мушкилтар аст

«Садои мардум» шояд ягона нашрияе буд, ки то рӯзи марги Шерализода қотеъона дар канори ҳукумат монд. «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият»), «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон») аллакай дар калавиш буданд. Бештар, мустақим ё ғайримустақим, ба майдони «Шаҳидон» майл мекарданд.

Аммо «Садои мардум» бо роҳбарии Шерализода бо тамоми масъулият ва ҷасорат мавқеи давлатро ҳимоя мекард. Дар он рӯзҳо таҳти унвони «Як сӯ мотам, як сӯ тараб» гузорише бо имзои мустаори Аскари Замон нашр шуд. Матн аз ҷаласаи пинҳонии сарварони майдони «Шаҳидон» дар Душанбе ҳикоят мекард. Номи аслии муаллифро танҳо ду кас медонистанд: сармуҳаррир ва худи нависанда.

Он замон пинҳон доштани ном беҳуда набуд: мухолифин барои пайдо кардани муаллифи мақола як миллион доллар мукофот эълон карданд. Чунин буд вазъ, чунин буд хавфу хатар. Ва маҳз дар ҳамин шароит «Садои мардум» садои ҷасорат ва масъулият буд.

Муродуллоҳ Шерализода дар ин мубориза ду чеҳра дошт: ҳам вакили мардумӣ ва ҳам сармуҳаррир. Вале ҳарду чеҳра дар як мавқеъ қарор доштанд: муборизаи ошкоро барои давлатдорӣ, барои оромии мардум, барои нигоҳ доштани ҳастии миллат.

Ӯ ин муборизаро на бо силоҳ, балки бо қалам пеш мебурд. Муборизаи ӯ дар сатрҳо буданд, сатрҳое, ки метавонистанд бародарро бо бародар душман кунанд ё баръакс, дилҳоро ба ҳам наздик созанд.  

Аммо таҳдидҳо танҳо бар гардани сармуҳаррир набуд. Ҳар корманди «Садои мардум» таҳти таъқибу фишор қарор дошт. Танҳо онҳое осуда буданд, ки мавқеи устувор надоштанд ва дар як майдон салла ба сар мебастанду дар майдони дигар галстук ба гардан меовехтанд.

Имрӯз вақте қафо менигарем, ҳақиқати талхро мебинем: онҳое, ки мавқеашонро дигар накарданд, ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодаанд. Номҳояшонро кам ба ёд меоранд, чеҳраҳояшон дар паси пардаҳои хомӯшӣ гум шудаанд. Аммо онҳое, ки аз як майдон ба майдони дигар ҷаҳиданд, имрӯз гули сари сабаданд.

Зиндагӣ он рӯзҳо саҳнаи театрро мемонд: парда ҳамон буд, тамошобин ҳамон, вале бозингарон ҳар рӯз иваз мешуданд. Баъзеҳо нақши худро то охир рост бозиданд ва бо таъзим саҳнаро тарк карданд. Дигарон бошанд, нақш иваз карда, дар саҳна монданд – бо чеҳраҳои дигар, бо овозҳои дигар, аммо бо ҳамон тану тӯш.

Ҳанӯз дар яке аз шабҳои тӯлонӣ, ҳангоми таҳияи шумора, Шерализода ба ман гуфта буд:
– Қалам бояд бо виҷдон ҳамқадам бошад. Агар лаҳзае аз виҷдон ҷудо шавад, қалам мешиканаду матн мепарад.

Ин сухан ба ман ҳамчун васият монд. Шояд ҳамин аст ҳақиқати зиндагӣ: марг мушкил аст, аммо зиндагӣ мушкилтар, вақте ростӣ қурбонӣ мехоҳад, дурӯягӣ подош меорад.

(Давом дорад)

Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *