Рубрики Pressa

Президенти Тоҷикистон бо медали ҳамкориҳои башардӯстона сарфароз шуд


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали “Барои хизматҳо дар рушди ҳамкориҳои башардӯстона” қадрдонӣ шуд.

Маросими эътои ҷоиза дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ бо ҳузури раҳбарони ИДМ баргузор гардид.

Ҷоизаро ба Президенти Тоҷикистон намояндаи махсуси Президенти Русия дар умури ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ ва ҳамраиси раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ Михаил Швидкой супорид.

“Бо қарори Шӯрои ҳамкориҳои башардӯстонаи ИДМ ва Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи ИДМ мо ифтихор дорем, ки медали рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарии ИДМ -ро ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон месупорем”, – қайд кард Швидкой.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *