Рубрики TajNews

Кабирӣ дар ҳошияи конфронси САҲА: «Арзиши аслӣ — расондани овози маҳбусони сиёсӣ»


Иштироки намояндагони мухолифини тоҷик дар Конфронси САҲА: «Имкони баланд кардани овози маҳбусони сиёсӣ»

Дар ҳошияи конфронси Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки дар Варшава баргузор мегардад, роҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) Муҳиддин Кабирӣ изҳор дошт, ки ширкат дар ин ҳамоиш имкони муҳимест барои расондани овози тоҷикони зери фишор ва маҳбусони сиёсӣ ба ҷомеаи байналмилалӣ.

Кабирӣ гуфт, ки ҳарчанд бисёриҳо аз набудани натиҷаҳои зуд дар чунин нишастҳо ноумед мешаванд, аммо арзиши аслии ин чорабиниҳо дар он аст, ки садои воқеии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба гӯши дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ мерасад.

«Имконият дорем, ки на танҳо миёни фаъолони сиёсӣ, балки бо дипломатҳо аз беш аз 20 кишвар ва садҳо созмон сӯҳбат кунем. Онҳо тавассути мо маълумотро ба пойтахтҳои худ мефиристанд ва ин метавонад ба қарорҳои онҳо таъсир расонад», — гуфт роҳбари ПМТ.

Ӯ афзуд, ки таҷрибаи солҳои гузашта нишон медиҳад, ҳатто як гуфтугӯ бо намояндагони кишварҳои аврупоӣ метавонад сабаби озодии маҳбусони сиёсӣ гардад, мисли он чӣ қаблан дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия, иттифоқ афтода буд.

Кабирӣ инчунин аз муносибати ғалат ва дугонагии меъёрҳои кишварҳои ғарбӣ интиқод кард, ки баъзан диктаторҳои минтақаи Осиёи Марказиро “бад, вале зарурӣ” меҳисобанд, то гӯё аз паҳншавии ифротгароии динӣ ҷилавгирӣ кунанд.

«Онҳо фикр мекунанд, ки миёни “бад” ва “бадтар” бояд бадро интихоб кунанд. Аммо намефаҳманд, ки ин бад – диктатура ва саркӯбгарии мардум — худ асоси пайдошавии ифротгароист», — таъкид намуд ӯ.

Роҳбари ПМТ инчунин дар бораи қазияи эҳтимолии боздошти Владимир Путин дар сурати сафар ба Тоҷикистон изҳори назар карда, гуфт, ки агар ҳукумати Тоҷикистон аз иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии худ сарпечӣ кунад, ин як далели дигарест, ки дар кишвар қонун танҳо барои мардум, на барои мақомдорон амал мекунад.

«Ҳукумат ҳар гоҳ хоҳад, қонунро ба ёд меорад, вале вақте ки сухан аз манфиати худ меравад, онро нодида мегирад. Ин нишон медиҳад, ки Тоҷикистон на давлате ҳуқуқбунёд, балки низоми шахспараст аст», — гуфт Кабирӣ.

Ӯ дар анҷом таъкид кард, ки ширкат дар конфронс на барои “тасвир гирифтан” ё “гузориш додан”, балки барои нигоҳ доштани робитаи доимӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ ва баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон муҳим аст.

«Ҳар бор, ки мо бо дипломатҳо мулоқот мекунем ва аз сарнавишти маҳбусони сиёсӣ мегӯем, онҳо дигар наметавонанд нодида бигиранд. Ин қадамҳои хурд, вале муҳим ба самти адолат аст», — гуфт ӯ.



Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *