Рубрики TajNews

Темур Варки дар конфронси САҲА: «Ҳокимияти ҷиноятпеша зиндониёнро шиканҷа ва ба марг мебарад»


TajNews | Варшава –
Дар ҷараёни конфронси САҲА оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2025, ҳомии ҳуқуқ ва намояндаи Анҷумани озодандешони Тоҷикистон, Темур Варки, бо изҳороти сахт дар бораи вазъи фоҷиавии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баромад кард.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз саркӯбии пурқурбонии эътирозҳои осоишта дар Хоруғ ва Рӯшон дар моҳи майи соли 2022, шумораи зиндониёни сиёсӣ дар кишвар ба таври чашмгир афзоиш ёфтааст.

«Агар соли 2015 мо тақрибан 200 зиндонии сиёсиро ба қайд гирифта будем, имрӯз танҳо аз ду ноҳия — Хоруғ ва Рӯшони ВМКБ, ки аҳолии ақаллияти қавмии шиаи исмоилиро дар бар мегиранд, 214 нафар зиндонии сиёсӣ сабт шудааст», — гуфт Варки.

Ӯ илова кард, ки то имрӯз 9 нафар зиндониёни сиёсӣ аз шиканҷа ва набуди ёрии тиббӣ ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи ӯ, яке аз чунин зиндониён Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори маъруф аст, ки ба 7 соли зиндон маҳкум шуда, ҳоло ба кӯмаки таъҷилии тиббӣ ниёз дорад. Вале мақомот иҷозаи табобатро берун аз зиндон намедиҳанд.

«Ин рад кардани ёрии тиббӣ — баробар ба ҳукми қатл аст», — таъкид кард Варки.

Вай ёдовар шуд, ки дар моҳи майи соли 2022 ноҳияи Рӯшон аз тарафи неруҳои махсус муҳосира шуд, ва бар пояи иттилои шоҳидон, ду ҷавон баъд аз шиканҷа худкушӣ карданд.

Ҳомии ҳуқуқ ҳамчунин гуфт, ки то имрӯз ҳудуди 400 нафар аз шаҳрвандони ВМКБ бо дархости Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Русия ба Тоҷикистон истирдод шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо асосан намояндагони ақаллиятҳои қавмии мазҳабии исмоилӣ мебошанд.

«Путин шахсан 400 нафарро ба дасти режими Раҳмон супурд. Инҳо — тоҷикони помириеанд, ки пайрави Оғохонанд», — таъкид кард ӯ.

Темур Варки режимро ба ҷиноят алайҳи инсоният муттаҳам намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат кард, ки:

«Мо талаб мекунем, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари узви Статути Рим, дар сурати ворид шудани Владимир Путин ба кишвар, ӯро боздошт намуда ба Додгоҳи Гаага таслим кунад.»

Ӯ ҳамчунин ҷомеаи ҷаҳониро даъват намуд, ки даъвоҳои ҳуқуқии зидди Эмомалӣ Раҳмонро пуштибонӣ кунанд ва ҳомиёни ҳуқуқро дар талошҳояшон барои адолат дар Тоҷикистон дастгирӣ намоянд.


Навори пурраи суханронии Темур Варки дар YouTube:
Темур Варки: Ҳокимияти ҷиноятпеша зиндониёнро шиканҷа мекунад


Матлабро таҳия кард ҳайати таҳририяи TajNews бо такя ба суханронии расмии Темур Варки дар конфронси САҲА, Варшава, сентябри соли 2025.



Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *