12 октябр сафари давлатиии Президенти Русия Владимир Путин пас аз иштирок дар ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ аз шаҳри Душанбе ба Маскав баргашт.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд меҳмони олиқадрро самимона гусел намуданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари давлатӣ ва кории Владимир Путин дар Душанбе аз 8 то 12 октябр ҷараён гирифт. Аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Санади аз ҳама муҳим – Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия дар бораи таъмиқи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия буд, ки аз ҷониби сарони ду давлат муҳтарам Раҳмон ва Владимир Путин ба имзо расид.
“Барои гусели меҳмони олиқадр – Президенти Федератсияи Русия майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар ва аксҳои сарони ду давлат ороста шуд”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube