Рубрики Pressa

Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе 2025: 36 филм аз 15 кишвар


Аз 15 то 20 октябри соли равон дар доираи баргузории Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе – «Тоҷи Сомон» 16 филми ҳунарии пурра ва 20 филми ҳунарии кӯтоҳ ба намоиш гузошта мешаванд.

Аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд, ки барои иштирок ва рақобат дар озмунҳои синамоҷашнвора тибқи 300 дархости пешниҳодшуда 150 филм мавриди омӯзиш ва тамошо қарор гирифт. Филмҳои пешниҳодшуда аз Русия, Эрон, Ҳиндустон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Туркия, Беларус, Молдова, Индонезия, Муғулистон ва Тоҷикистон буданд. Комиссияи интихоби филмҳо дар муддати як моҳ филмҳоро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дод.

Дар озмуни филмҳои ҳунарии пурра аз Русия 2 филм, Узбекистон- 1 филм, Туркманистон- 1 филм, Тоҷикистон- 4 филм, Қирғизистон-1 филм, Муғулистон-1 филм, Беларус-1 филм, Ҳиндустон-1 филм, Қазоқистон-1 филм, Молдова- 1 филм, Эрон-1 филм ва аз Туркия 1 филм иштирок ва рақобат хоҳанд кард.

Дар озмуни филмҳои ҳунарии кӯтоҳ аз Русия 4 филм, Эрон- 5 филм, Узбекистон- 2 филм, Беларус- 1 филм, Қирғизистон- 2 филм, Тоҷикистон- 4 филм, Озарбойҷон- 1 филм ва аз Ҳиндустон 1 филм иштирок менамоянд.

Инчунин, давоми 5 рӯз дар доираи баргузории Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе – «Тоҷи Сомон»  намоиши ғайриозмунии филмҳо дар саросари ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *