Рубрики Хабарҳо

Истиқболи ниҳодҳои иқтисодии байналмилалӣ аз ақибнишинии Чин аз сиёсати Ковид сифр

Раҳбарони чандин ниҳоди байналмилалии фаъол дар ҳавзаи иқтисод, аз тасмими давлати Чин барои коҳиши сахтгириҳо дар чаҳорчуби сиёсати “Ковид сифр” истиқбол карданд. 

Кристалина Георгиева, раиси сандуқи байналмилилии пул (IMF) пас аз гуфтугӯ бо Ли, Кэтсян, нахуствазири Чин, дар ҷараёни конфронсии хабарӣ тасмими давлати ин кишварро гоме ба пеш тавсиф ва эълом кард, ки коҳиши маҳдудиятҳои коруноӣ дар Чин, барои иқтисоди ҷаҳонӣ, ки дар ҳоли ҳозир бо таҳдиди рекордӣ мувоҷеҳ аст, хабари хубе аст. 

Мақомҳои беҳдошти давлати Чин рӯзи чаҳоршанбе ва пас аз ба роҳ афтодани мавҷе аз эътирозҳои мардумӣ дар манотиқе аз ин кишвар аз коҳиши маҳдудиятҳои коруноӣ хабар доданд. Иқдоме, ки умедвориҳо ба афзоиши рушди дувумин қудрати иқтисодии ҷаҳонро афзоиш дод ва бо истиқболи бозорҳои молии ҷаҳон тайи ҳафтаи кории гузашта мувоҷеҳ шуд. 

Бар пояи эъломи давлати Чин, анҷоми озмоишҳои фарогири ташхиси вируси коруно, ки ба таври систематик тайи беш аз ду соли гузашта анҷом мешуд, мутаваққиф шуда ва мубталоиёни дорои алоими хафифи бемории Ковид-19 низ имкони инро хоҳанд дошт, ки дар манзили худ каратин шаванд ва мисли қабл ба карантинҳои умумӣ мунтақил нашаванд. 

Хонум Георгиева зимни истиқбол аз иқдоми давлати Чин гуфт, ки талоши ин кишвар барои афзоиши сатҳи ваксиносиуни умумӣ дар баробари бемории Ковид-19 афзӯн бар мардум ва иқтисоди ин кишвар барои қораи Осиё, дигар нуқоти ҷаҳон ва низ иқтисоди ҷаҳонӣ муфид хоҳад буд. 

Нгози Оконджо Ивола, раиси Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (WTO) ҳам дар ин конфронси хабарӣ гуфт: “канор гузоштани тадриҷии сиёсати Ковид сифр ба рафъи бахше аз нобовариҳои ҳоким бар иқтисоди ҷаҳонӣ кумак хоҳад кард.” 

Матиас Корманн, дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва тавсеа (OECD) низ коҳиши маҳдудиятҳои коруноӣ дар Чинро омиле барои беҳбуди авзоъи иқтисодии Чин ва саросари ҷаҳон арзёбӣ кард. 

Нишасти рӯзи ҷумъаи Ли, Кэтсян бо раисҳои ниҳодҳои иқтисодии ҷаҳон дар амал охирин гуфтугӯи ӯ бо онҳо буд. Чаро, ки Ли Кэтсян пас аз он ки дар ду давраи панҷсолаи риёсатҷумҳурии Си Ҷинпайнг ба унвони нахуствазир фаъолият дошт, бо эъломи бознишастагӣ, дар севумин давраи риёсатҷумҳурии Си Ҷинпайнг ҳузур нахоҳад дошт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *