Рубрики Pressa

Дар Душанбе ҷашни Меҳргон ва Рӯзи кишоварзон баргузор мешавад


19 октябр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзӣ ва дастгирии мақомоти давлатӣ ҷашни Меҳргон ва Рӯзи кишоварзон таҷлил мегардад.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ, чорабинӣ дар Боғи ба номи А.Фирдавсӣ баргузор шуда, дар доираи он як қатор фестивалу намоишҳо доир мегарданд.

Аз ҷумла:

🍯Фестивали занбӯрпарварон бо намоиш ва фурӯши асал,

🍏🍇Иди себ ва ангур,

🌾Оши палав бо намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ,

🍉Иди тарбуз, харбуза ва каду.

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ – қадршиносии заҳмати деҳқонону кишоварзон, муаррифии маҳсулоти ватанӣ ва дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ арзёбӣ мешавад. Дар ҷараёни ин чорабинӣ пешқадамони соҳа ва ташкилотҳои фаъол аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ қадрдонӣ мегарданд.

Барои болидаруҳии меҳмонон ва иштирокчиён барномаҳои фарҳангию фароғатӣ низ пешбинӣ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *