Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон 14-уми октябр дар ҳамоиши байналмилалии сармоягузории “Dushanbe Invest-2025” гуфт, ки аз 12 фулузот (металл)-и муҳим барои гузариш ба иқтисоди “сабз” Тоҷикистон 10-тои онро дорад ва аллакай шаштои онро истеҳсол мекунад.
Барои гузариш ба “иқтисоди сабз”, ба гуфти Шералӣ Кабир, сурма ва антимоний муҳим аст, ки Тоҷикистон аллакай ба истеҳсоли он оғоз кардааст.
“Аз лиҳози захираҳои антимоний Тоҷикистон дар мавқеи дуюм қарор дорад. Дар мо чор корхонаи истеҳсоли антимоний дар марҳилаи коркард қарор доранд. Яке заминаи фанниву иқтисодӣ таҳия карда, дигаре бо корҳои таҳқиқотӣ машғул аст ва сохтмони сеюмаш идома дорад”,- зикр кард Шералӣ Кабир.
Вазир таъкид намуд, ки Тоҷикистон аллакай ба истеҳсоли мис, ки барои иқтисоди”сабз” хеле муҳим аст, оғоз кард.
“Мо истеҳсоли онро бамаротиб зиёд кардан мехоҳем. Дар ин масъала ман мавқеи мушаххасу дақиқ дорам, барои афзоиши истеҳсоли мис сармоя ҷалб мекунем”,- гуфт номбурда.
Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки ҳаҷми захираҳои никел ва литий низ хеле зиёд аст.
“Мо якумин кишвар дар фазои ИДМ хоҳем шуд, ки дар он литий истеҳсол мешавад”,- гуфт Шералӣ Кабир.
Корхонаҳое мисли “Азот” ва “Талко голд”-ро Шералӣ Кабир “на танҳо бозигарони минтақавӣ”, балки “қисмате аз сиёсати ҷаҳонӣ оид ба ин фулузот” шуморид.
Шералӣ Кабир илова кард, ки дар мавриди рушди саноати кӯҳкорӣ барномаҳои давлатӣ таҳия шуда, Тоҷикистон дар дурнамои наздик дар самти истеҳсоли фулузоти зарурӣ барои гузариш ба иқтисоди “сабз” мавқеи арзандаи худро касб мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube