Рубрики Pressa

Дар 9 моҳ ба буҷети мамлакат наздики 19,5 миллиард сомонӣ ворид гардид


Иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар нуҳ моҳи соли 2025 ба андозаи 114,6% таъмин гардида, ба ҷойи 16 млрд 967,4 млн сомонӣ, ба буҷети давлатӣ 19 млрд 446,5 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 2 млрд 479,0 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Ба барзиёд таъмин шудани иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ, дар ин давра, пеш аз ҳама, рушди иқтисодиёт, рақамикунонии соҳа, беҳтар гардидани маъмурикунонии андоз, хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва тибқи низоми идоракунии хавфҳо роҳандозӣ намудани корҳои назоратӣ, мусоидат намуд.

Дар ин давра, иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 104,6%, вилоятҳои Хатлон 101,6%, Суғд 106,7%, шаҳри Душанбе 119,6%, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар маҷмуъ, 108,0% ва Раёсати андози андозсупорандагони калон 113,7% таъмин карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *